ШАРТҲОИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ИҚДОМИ ЛОТЕРЕЯВИИ «ФУТБОЛ. КУШО ВА БУРД НАМО!»
ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Ташкил ва гузаронидани Иқдоми лотереявии «Футбол. Кушо ва бурд намо!» (минбаъд «Иқдом») мутобиқи талаботҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби гузаронидани лотерея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 03 июли 2002, №274 таҳия ва тартиб дода шуда, тартиб ва шакли гузаронидани Иқдомро ба танзим медарорад.
2. Иқдом аз тарафи ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», ки дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. А. Ҷомӣ 2/1A (минбаъд-«Ташкилотчӣ») ба қайд гирифта шудааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Иқдоми мазкур ба хотири болида гардонидани руҳияи мардум бахшида мешавад ва мақсади ба даст овардани фоида ва элементи таваккалӣ надорад.
3. Иқдоми мазкур инчунин бо мақсади ба аҳолии кишвар пешниҳод кардани имконияти чашидани маҳсулотҳои Ташкилотчӣ ва пешниҳод кардани имконият барои бурд намудани мукофотҳо гузаронида мешавад.
ФАСЛИ 2. МАҲСУЛОТЕ, КИ ДАР ИҚДОМ ИШТИРОК МЕНАМОЯД
1. Барои иштирокчии Иқдом гардидан (минбад-«Иштирокчӣ»), зарур аст, ки нушокии ғайриалкаголии «Кока-Кола Классик» («Coca‑Cola Classic»)-и аз тарафи Ташкилотчӣ истеҳсолшударо дар зарфҳои пластикӣ бо ҳаҷми 1 литр (минбаъд-«Маҳсулот») бо сарпӯши махсуси пласткии тиллоранги дорои расми туҳфаро бо ранги сиёҳ (минбаъд-«Сарпушҳо») ба даст оварад.
2. Риояи тамоми талаботҳо ва Сарпӯшҳои пешниҳодшуда аз тарафи Ташкилотчӣ тафтиш карда мешаванд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ягон намуди баҳс вобаста ба аслияти Сарпӯшҳо, қарори Ташкилотчӣ ниҳоӣ мебошад.
ФАСАЛИ 3. ШАРҲИ ИҚДОМ ВА ДОДАНИ МУКОФОТҲО
1. Барои Иқдом маҷмӯан 1,125,359 (як миллион саду бисту панҷ ҳазор се саду панҷоҳу нӯҳ) дона Маҳсулоти Ташкилотчӣ дорои сарпӯши махсуси тиллоранг ҷудо карда мешавад, ки дар пушти онҳо метавонад калима бо номи мукофот бошад. Иқдоми мазкур ба Иштирокчиён имконияти бурд намудани мукофотҳои зеринро медиҳад:
- яке аз 100 (сад) дона дастгоҳҳои бозӣ;
- яке аз 1000 (ҳазор) дона тӯбҳо;
- яке аз 1,124,259 (як миллион саду бисту чор ҳазор дусаду панҷоҳу нӯҳ) нӯшокиҳои Кока-Кола 300 мл.
2. Миқдори умумии мукофотҳои ба Иштирокчиён дар доираи Иқдом мутобиқи Шартҳои ташкил ва гузаронидани Иқдом (минбаъд-«Шартҳои расмӣ») дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда 1,125,359 (як миллион саду бисту панҷ ҳазор се саду панҷоҳу нӯҳ) донаро ташкил медиҳад.
3. Дар ягон ҳолат миқдори умумии мукофотҳо - дастгоҳҳои бозӣ, тӯбҳо ва нӯшокиҳо набояд аз миқдори дар ҳамин Фасли 3 пешбинишуда зиёд бошад.
4. Барои ба даст овардани мукофотҳо, ба Иштирокчиён зарур аст Маҳсулоти дар Фасли 2 зикргардида харидорӣ намуда, дар пушти Сарпӯши тиллоранги Маҳсулоти истеъмолшуда, навиштаҷот бо номи мукофоти аниқ дарёфт кунад. Навиштаҷот дар пушти Сарпӯшҳо яке аз мукофотҳои дар банди 1-и Фасли мазкур номбаршударо нишон медиҳад. Зимнан, навиштаҷот ва номҳои мукофотҳо ба тариқи зерин ишора карда мешаванд:
- «ХХХPS5ХХХ»;
- «XXХТӮБXXX»;
- «ХХХ300MLХХХ».
5. Ҳар як номи мукофот, ки дар пӯшти Сарпӯш дарёфт карда шудааст имконияти ба даст овардани якто бурдро медиҳад.
ФАСАЛИ 4. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ИҚДОМ ВА ИВАЗНАМОИИ САРПӮШҲО
1. Барои ба Иштирокчиён додани мукофотҳо ҷойҳои махсуси, ки “Промо-Марказҳо” номида мешаванд, ташкил карда мешаванд, ё ин ки мукофотҳо дар маҳалли ҷойгиршавии Ташкилотчӣ дода мешаванд. Иштирокчиён бо Сарпӯшҳои дорои навиштаҷот бо номҳои мукофотҳо, барои ивази онҳо ба мукофотҳо, бояд ба Марказҳои мазкур муроҷиат намоянд, ё ин ки ба Ташкилотчӣ ба тариқи телефонӣ муроҷиат намоянд.
2. Бо мақсади шинохтан, дар Промо Марказҳо навиштаҷоти «САРПӮШРО ДАР ИН ҶО ИВАЗ НАМО» ҷойгир карда мешаванд.
3. Оид ба суроға ва ҷойҳои аниқи ҷойгиршавии Промо Марказҳо ва дигар ҷойҳои додани мукофотҳо, минбаъд дар саҳифаҳои Ташкилотчӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ё ҳангоми муроҷиати Иштирокчӣ тариқи телефон, хабар дода мешавад.
4. Барои гирифтани мукофотҳои молӣ, Иштирокчӣ ба Промо Марказ ё ба Маркази қабули зангҳои Ташкилотчӣ тариқи телефонӣ муроҷит менамояд, пас аз он Ташкилотчӣ Иштирокчиро барои пешниҳод намудани Сарпӯш ба мақсади санҷидани он дар ҳузури Иштирокчӣ, даъват менамояд. Ҳангоми тасдиқшавии аслӣ будани Сарпӯш, ба Иштирокчӣ мукофоти мувофиқи навиштаҷоти ҷойдоштаи зери Сарпӯши аз ҷониби Иштирокчӣ пешниҳод шуда, дода мешавад. Дар их ҳолат Иштирокчӣ бо намояндаи Ташкилотчӣ санади доду-гирифт ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба имзо мерасонад.
5. Барои гирифтани дастгодастгоҳҳои бозӣ, Иштирокчиёне, ҳангоми сӯҳбати телефонӣ дастурамалҳои дахлдорро қабул карда, ҳуҷҷатҳои минбаъдаро пешниҳод менамоянд:
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (ва нусхаи он);
- Рӯйпуш бо расми мукофот;
- инчунин дигар ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Ташкилотчӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ дархост мешаванд.
Дар ҳолати пешниҳод накардани чунин маълумотҳо аз ҷониби Иштирокчиёне, ки мукофотро ғолиб шудаанд, дар давоми 2 (ду) моҳ, аз ҳуқуқи гирифтани чунин маълумот маҳрум мегарданд.
6. Пеш аз додани дастгоҳи бозӣ , Иштирокчӣ уҳдарор аст Сарпӯшҳои бурдкунандаи дорои навиштаҷоти мукофотро, ба намояндаи Ташкилотчӣ барои гузаронидани санҷиш аз ҷумла санҷиши аслият, пешниҳод намояд. Дар сурати пешниҳод накардани Сарпушҳои дорои навиштаҷоти бурдкунанда, ва инчунин ҳуҷҷатҳои дар банди 7 фасли мазкур то тамомшавии муҳлати дар банди 12 фасли мазкури Шартҳои расмӣ, Иштирокчи аз ҳуқуқи гирифтани мукофот маҳрум карда мешавад.
7. Дар сурати тасдиқ шудани аслияти Сарпӯшҳои аз ҷониби Иштирокчӣ барои гирифтани мукофоти пулӣ пешниҳод шуда, Ташкилотчӣ дар бораи он Иштирокчиро хабардор менамояд, ва ӯ ба Ташкилотчӣ ҳуҷҷатҳои дар банди 7 фасли мазкур нишон додашударо дар вақти алоҳида аз ҷониби тарафҳо муайяан кардашуда, пешниҳод мекунад. Дар ин ҳолат Ташкилотчӣ бо Иштирокчӣ санади доду-гирифт ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба имзо мерасонад ва ба ӯ сертификати тасдиқкунандаи эътирофшавии Иштирокчӣ чун бурдкунандаи мукофоти пулӣ, дода мешавад.
8. Тасвири мукофотҳо дар маводҳои иттилоотӣ марбут ба Иқдом, танҳо барои шиносоӣ оварда мешаванд, мукофотҳои воқеӣ метавонанд намои дигареро дошта бошанд, ки ба арзиши онҳо таъсир намерасонад.
9. Мукофоти “Дастгоҳи бозӣ” танҳо ба шахсе, ки нӯшокиро харидорӣ намудааст, ва номгӯҳои мукофотро дорад, дода мешавад. Дар ҳолати пешниҳод намудани зиёда аз як Сарпӯш бо номгӯи мукофотҳо, ба Иштирокчӣ танҳо як номгӯи Мукофот дода мешавад. Дар ҳолате, ки номгӯи мукофотҳо дигаргун бошад, Иштирокчӣ бо салоҳдиди худ, мукофоти дилхоҳашро интихоб менамояд.
Қабули Сарпӯшҳо аз Иштирокчиён барои ба мукофотҳо иваз намудан дар дилхоҳ Промо-Марказ то санаи 20 августи соли 2026, амалӣ карда мешавад.
МАҲДУДНАМОИИ МАСЪУЛИЯТ!
10. Ташкилотичӣ барои хароҷот ва масрофоте, ки Иштирокчиён бо сабаби овардан ва иваз намудани Сарпӯшҳои худ дар Промо Марказҳо ва ё пешниҳод намудани Сарпӯшҳо амалӣ менамоянд ва дар Иқдом иштирок менамоянд, ягон масъулиятро ба зимма намегирад.
ТАВЗЕҲОТИ МУҲИМ
ДАР ЯГОН ҲОЛАТ НӮШОКИҲОИ АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТЧӢ АЗ РӮИ ИҚДОМ ПЕШНИҲОДШУДА, ФУРӮХТА ВА Ё АЗ НАВ ФУРӮХТА НАМЕШАВАНД. ДИЛХОҲ ФУРӮШИ ЗИКРГАРДИДА БО ВАЙРОННАМОИИ ШАРТИ МАЗКУР, ҲАМЧУН ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҲУҚУҚИИ ТАМҒАҲОИ МОЛИИ БА ШИРКАТИ “ДЗЕ КОКА-КОЛА КОМПАНИ (THE COCA-COLA COMPANY)” ТААЛУКДОШТА ҲИСОБИДА МЕШАВАД, КИ ОН ҲУҚУҚИ АНДЕШИДАНИ ДИЛХОҲ ВА ТАМОМИ ЧОРАҲОИ ҲУҚУҚИРО, КИ ВАЙ ЗАРУР МЕШУМОРАД, ДОРАНД
ФАСЛИ 5. ҚОИДАҲОИ РОҲ ДОДАН БА ИШТИРОК ДАР ИҚДОМ
1. Барои иштирок дар Иқдоми мазкур ва гирифтани мукофотҳои молӣ ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синашон ба 16 расидааст, роҳ дода мешаванд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар поён зикргардида, барои иштирок дар Иқдоми мазкур роҳ дода намешаванд:
- Ширкати “Дзе Кока-Кола Компани” (минбаъд- “ДККК”) (“The Coca‑Cola Company”) (минбаъд - “ТССС”);
- Дилхоҳ шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ва ё шахси воқеӣ, ки бо Иқдом алоқаманд астанд, инчунин дистрибютерҳо, фармоишгарон ва нуқтаҳои савдои иштироккунанда (агар мавҷуд бошанд), ташкилотҳои рекламавие, ки Ташкилотчиро ва/ё Иқдоми мазкурро хизматрасонӣ менамоянд;
- Кормандон, ширкатҳои фаръӣ, ташкилотҳои вобаста, намояндагони маҳаллӣ ва хешовандони наздики ҳамаи шахсони дар бандҳои 2) ва 3) пешбинишуда.
ФАСЛИ 6. ҒАЙРИИМКОН БУДАНИ ИВАЗНАМОИИ АРЗИШИ МУКОФОТҲО БА БАРОБАРҚУРБИИ ПУЛИИ АРЗИШИ ОНҲО
1. Дар ягон ҳолат арзиши мукофотҳо ба воситаҳои пулии баробарқурби онҳо иваз карда намешавад.
ФАСЛИ 7. САРПӮШҲО ВА ПЕШНИҲОДИ ТАЛАБОТ БАРОИ ИВАЗ НАМУДАНИ ОНҲО
1. Мукофотҳо ба Иштирокчиёне, ки Сарпӯшхоро пешниҳод намудаанд, онҳое, ки аз тарафи Ташкилотчӣ аслӣ эътироф шудаанд, дар хатҳои истеҳсолии Ташкилотчӣ ба сифати воситаи маҳкамкунанда барои Маҳсулоте, ки дар Иқдом иштирок намудаанд, истифода шудаанд; инчунин дар ҳолати пешниҳод кардани Хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, дода мешаванд.
2. Тамоми эътирозҳо ва Сарпӯшҳои пешниҳодшуда, аз тарафи Промо Марказ ва ё Ташкилотчӣ тафтиш карда мешавад. Ташкилотчӣ ва ё Промо Марказ ҳуқуқи рад намудани дилхоҳ талаботро, ки ба ақидаи ӯ беасос ба ҳисоб мераванд ва ё асоси оқилона оид ба тахмин намудани он ки, бо ягон сабаб Сарпӯш, Сарпӯши аслии бурдкунанда ба ҳисоб намеравад ва ё дилхоҳ аз ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда эътиборнок намебошанд, нигоҳ медорад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс вобаста ба аслияти Сарпӯшҳо, қарори Ташкилотчӣ ниҳоӣ ба ҳисоб меравад.
3. Ташкилотчӣ ба худ ҳуқуқи нашр намудан, штампгузорӣ намудан, иҷро намудани нақшкӯбӣ ва ё бо дилхоҳ усули дигар ба ва ё дар Сарпӯш нақш намудани як ва ё якчанд рамзҳои махфӣ ё рақам ва ё ҳарфҳоро (минбаъд-“Размҳо”) нигоҳ медорад, ки он ба Ташкилотчӣ имконият медиҳад, ки ба таври аниқ муайян намояд, ки Сарпӯши аз тарафи Иштирокчӣ пешниҳодшуда аслӣ мебошад ё на.
4. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс, Ташкилотчӣ ба худ ҳуқуқи ошкор накардани маълумотро дар бораи Рамз (-ҳо) то ба охир расидани муҳлати ниҳоии пешниҳоди талабот дар бораи иваз намудани Сурпӯши дар Фасли 4 Шартҳои расмии мазкур пешбинишуда, нигоҳ медорад. Дар Иқдом иштирок намуда, бо ин Иштирокчӣ тасдиқ менамояд, ки бар муқобили ҳуқуқи мазкури Ташкилотчӣ эътироз надорад ва эътироз намеорад.
5. Ташкилотчӣ ба худ ҳуқуқи беэътибор ҳисоб намудани Сарпӯшеро, ки ба ақидаи ӯ гирифтори ягон таҳриф ва ё тағийрот гардидааст, сохта зарардида, харошидашуда, фарсудашуда, чиркин ва ё олудашуда ба ҳисоб меравад ва ё хатогиҳои ҳуруфотӣ ва дигар хаттоҳоро дар бар мегирад ва ё ғайриҳуқуқӣ ё бо усули дигаре, ки ба шартҳои Иқдоми мазкур номутобиқ ба даст оварда шудааст, (минбаъд-“Сарпӯши (-ҳои) беэътибор”), нигоҳ медорад. Ташкилотчӣ ҳуқуқи рад намудани дилхоҳ талаботро вобаста ба Сарпӯшҳои беътибор дорад.
6. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба масъалаи эътиборноки Сарпӯш(-ҳо) ва ё асоснокии талабот оид ба иваз намудани Сарпӯшҳо ҳангоми мавҷудияти рамзи махсус, қарори Ташкилотчӣ, ки ба низоми Рамзҳои дар Фасли 7 Шартҳои расмии мазкур пешбинишуда, асос ёфтааст ниҳоӣ ба ҳисоб меравад.
7. Ташкилотчӣ уҳдадор нест фаҳмонад, ки соҳибмулки Сарпӯшҳо кӣ ба ҳисоб меравад. Иштирокчӣ, ки Сарпӯшро ба Ташкилотчӣ ва ё Промо Марказ пешниҳод намудааст, соҳибмулки ҳақиқии он ба ҳисоб меравад. Шартҳои пешакии мазкур нисбати ба даст овардани мукофотҳо аз руи Иқдом татбиқ мегарданд.
8. Ташкилотчӣ ва ё Промо Марказ ӯҳдадор нестанд, ки вобаста ба Сарпӯшҳои беэътибор ва ё қабулнашуда тавзеҳоти хатӣ диҳанд.
9. Ташкилотчӣ ва ё Промо Марказ додани мукофотро ба Иштирокчие, ки синаш (ки бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ шудааст) аз сини ҳадди ақали Иштирокчии дар Фасли 5 Шартҳои расмӣ пешбинишуда камтар бошад, рад мекунад.
10. Дар сурати аз ҷониби Иштирокчӣ бо тартиби бо Шартҳои мазкур муқаррарнамуда нагирифтани мукофот, ё ин ки аз гирифтани мукофот дасткашӣ кардан, ва инчунин ҳангоми вайрон намудани Шартҳои мазкур аз ҷониби Иштирокчӣ, мукофот, ки Иштирокчӣ онро талаб мекард ё метавонист талаб кунад, ба чунин Иштирокчӣ дода намешавад ва дар ихтиёри Ташкилотчӣ мемонад, ва дар ин маврид ҷубронҳои пулӣ дода намешаванд.
ФАСЛИ 8. САРПӮШҲОИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ
1. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба масъалаи эътиборнокии Сарпӯш (-ҳо) ва ё асоснокии талабот оид ба иваз намудани Сарпӯшҳо ҳангоми мавҷудияти рамзи махсус, қарори Ташкилотчӣ, ки дар заминаи талаботҳои Шартҳои расмии мазкур пешбинишуда, асос ёфтааст, ниҳоӣ ба ҳисоб меравад.
ФАСЛИ 9. РОЗИГИИ ИШТИРОКЧИЕН
1. Додани мукофот(-ҳо) метавонад дар намуди чорабинии оммавӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма ташкил карда шавад, ки онҳо қайди аудиоӣ, видеоӣ ва суратгириро ба анҷои мерасонанд. Иштирокҷӣ дар Иқдоми мазкур иштирок намуда, агар ӯ гирандаи мукофот ба ҳисоб равад, инчунин шахсе, ки онро ба чорабинии оммавӣ ҳамроҳӣ мекунад (ҳангоми гузаронидани чорабинӣ) ба он розигӣ медиҳанд (метавонанд надиҳанд), ки номҳо ва тасвирҳои видеоӣ, суратҳо ва қайдҳои аудиоии онҳо метавонанд нашр карда шаванд ва дар маводҳои аудио, видео ва суратҳо аз тарафи Ташкилотчӣ аз рӯи салоҳдиди худ, бе пешниҳоди ягон намуди ҷуброн, истифода карда шаванд.
2. Бо иштирок дар Иқдоми мазкур, Иштирокчиён ба Ташкилотчӣ розигии худро бари коркарди маълумоти шахсии худ медиҳанд, ки он барои бақайдгирии Иштирокчиён бо мақсадҳои минбаъдаи додани мукофотҳо ва дигар мақсадҳои бевосита бо Иқдом вобаста буда, зарураст.
ФАСЛИ 10. ШАРТҲОИ РАСМИИ ИҚДОМ
Шумо метавонед Шартҳои расмии Иқдомро аз Промо Марказҳо дастрас намоед.
Барои ба даст овардани маълумоти мушаххас, шумо метавонед ба телефони Хатти фаъоли: +992 44 600 44 84 занг занед.
ФАСЛИ 11. ТАМҒАИ МОЛИИ “ДЗЕ КОКА-КОЛА КОМПАНИ” (ДККК), (“THE COCA-COLA COMPANY” (TCCC)
1. Ягон банд ва ё муқаррарот дар Шартҳои расмии мазкур набояд ҳамчун ба Иштирокчӣ пешниҳод намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва ё гирифтани даромад нисбат ба тамғаҳои молии ДККК шарҳ дода шавад. На муқаррароти Шартҳои расмӣ, на иштирок дар Иқдом ба Иштирокчӣ ҳуқуқро ба истифода намудан ва ё зикр (бе иҷозати пешакии хатии ДККК) намудани номгӯ, аломат, тамғаҳои молӣ ва ё ҳуқуқи муалифи ДККК ва Ташкилотчӣ барои мақсадҳои маркетингӣ ва рекламавӣ, инчунин дар дигар мақсадҳои ба Иқдом алоқаманд набуда ва ё аз доираи Иқдоми гузаронидашаванда берун, намедиҳад. Иштирокчӣ эътироф менамояд ва ҳеҷ вақт қонунӣ будани тамғаҳои молии ДККК-ро ва ё соҳибмулкии ДККК-ро нисбати онҳо зери шубҳа намегузорад.
2. Дар ҳолати вайрон намудани муқарроти Шартҳои расмӣ дар бораи риояи ҳуқуқ ба тамғаи молии ДККК аз тарафи Иштирокчӣ, Ташкилотчӣ ҳуқуқ дорад талаб намояд, Иштироккунанда бошад, уҳдадор мешавад аз рӯи дархости аввали Ташкилотчӣ тамоми зарарро, ки ба Ташкилотчӣ ва ё ДККК, инчунин ягон истеҳсолкунанда ва ё дистрибютори молҳои дорои тамғаҳои молии ДККК дар ин ва ё он ҳудуд бо дарназардошти вайронкунии дар боло зикршуда, расидааст, ҷуброн намояд.
Фасли мазкури 11 инчунин, пас аз анҷом ёфтани Иқдоми гузаронидашуда низ амали худро давом медиҳад.
ФАСЛИ 12. МУҲЛАТИ УМУМИИ ГУЗАРОНИДАНИ ИҚДОМ
1. Иқдоми мазкур дар назар аст, ки аз 15 май соли 2026 то 15 июни соли 2026 (ҳар ду сана низ дохил аст) гузаронида мешавад.
ФАСЛИ 13. БЕКОРНАМОӢ ВА Ё ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒИЙРОТ
1. Дар ҳолати қабл аз муҳлати муаяншуда ба охир расидани Иқдом, Ташкилотчӣ метавонад дар мувофиқа бо мақомоти салоҳиятдорӣ давлатӣ Иқдоми мазкурро ҷамъбаст намояд. Дар ин ҳолат Ташкилотчӣ мақомоти салоҳиятдори давлатиро тариқи хаттӣ огоҳ менамояд.
2. Инчунин Ташкилотчӣ метавонад дар ҳолати ворид намудани тағийрот ва ё боздоштани Иқдом мақомоти салоҳиятдори давлатиро тариқи хаттӣ огоҳ намуда, тағийротҳоро бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ мувофиқа намояд.
3. Ташкилотчӣ ҳуқуқ дорад Иштирокчиёнро дар бораи боздошт, ворид намудани тайғирот ва ё ҷамъбасти Иқдом бо роҳи эълон намудан дар нашриёти ҷумҳуриявӣ аз тарафи Ташкилотчӣ аз рӯи салоҳидиди худ интихобшуда ва ё дар саҳифаи худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ (“Эълон”), огоҳ намояд. Чунин Эълон барои маълумот додан ба истеъмолкунандагон дар бораи ворид намудани тайиғирот, боздоштан ва ё ҷамъбаст намудани Иқдом ва Шартҳои расмии Иқдоми мазкур кофӣ мебошад.
4. ДАР ИҚДОМ ИШТИРОК НАМУДА, ҲАМАИ ИШТИРОКЧИЁН БА ТАВРИ АВТОМАТӢ ТАСДИҚ МЕНАМОЯНД, КИ ОНҲО БО ДИҚҚАТ БО МАТНИ ҚОИДАҲОИ РАСМИИ МАЗКУР ШИНОС ШУДААНД ВА БЕ ГУФТУГУ БО ШАРТҲО ВА МУҚАРРОТИ ҚОИДАҲОИ РАСМӢ БЕ ЯГОН МАҲДУДИЯТ ВА Ё ИСТИСНО РОЗӢ МЕШАВАНД.
“КОКА-КОЛА (COCA-COLA)”, «(КОКА) COKE», зарфи анговарӣ, Мавҷи серҳаракат, тамғаҳои молии бақайд гирифташудаи ширкати “ The Coca‑Cola Company” (“Дзе Кока - Кола Компани”) ба ҳисоб мераванд.
ФАСЛИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
1. Ташкилотчӣ барои истифодаи минбаъдаи мукофотҳои ба бурдкунандагон додашуда, ва инчунин барои имконнопазирии истифодаи онҳо аз ҷониби бурдкунандагон, ҷавобгар нест. Ҷавобгарӣ барои сифати мукофотҳои Иқдом дар зиммаи истеҳсокунандагони онҳост.
2. Ташкилотчӣ, Ширкати “The Coca‑Cola Company” (минбаъд – “TCCC”), ташкилотҳои фаръии он ва дигар шахсони вобаста, намояндагони маҳаллии онҳо, дистрибюторон, фармоишгарон, нуқтаҳои савдои дар баргузории Иқдом иштирокунанда, ташкилотҳои рекламавӣ ва дигар шахсони бо Иқдом вобастабуда, на бо ҳам, на дар алоҳидагӣ барои хатогиҳои ҳуруфотӣ ва/ё дигар хатогиҳо, ва/ё норасоиҳои саноатии Сарпӯш ва/ё зичкунандаи он, ва/ё дигар нуқсонҳои Сарпӯш, ё нохоноии Рамзҳо, ки бо дилхоҳ сабаб ба вуҷуд омада бошанд, аз ҷумла нуқсони истеҳсолӣ дар Сарпӯш, ҳеҷ гуна ҷавобгарӣ бар душ надоранд.
3. Назорат аз болои иҷроиши Шартҳои расмии Иқдом ба ҶДММ “Кока-Кола Нушокиҳои Тоҷикистон” гузошта мешавад.