Хуш омадед ба Cиёсати махфияти истеъмолкунандагони Ширкати Coca‑Cola (Сиёсати махфият).

Ширкати Coca‑Cola ва филиалҳои он (дар якҷоягӣ, Coca‑Cola ё мо) ба ҳуқуқи дахолатнопазирии зиндагии шахсии шумо ҷиддӣ муносибат мекунанд.  Мо бовар кардани маълумоти шахсиятонро ба мо қадр мекунем ва эҳтиром гузоштан ба махфияти шумо асоси муносибатҳои мо бо шумо маҳсуб меёбад.

Коркарди маълумоти шахсӣ аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:

  • Шаффофият

  • Эҳтиром

  • Боварӣ 

  • Адолат

Санаи эътибор:  07/08/2023

Сиёсати махфият иттилооти шахсиеро, ки Ширкати Coca‑Cola аз ва дар бораи корбарони вебсомонаҳо, барномаҳои мобилӣ (Барномаҳо), виджетҳо ва дигар хизматрасониҳои онлайнӣ ва офлайнӣ ҷамъоварӣ мекунад, ки аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola (дар якҷоягӣ, Хизматрасониҳо) идора карда мешавад ва тарзи истифодабарӣ ва ҳифзи ин иттилооти шахсиро тасвир мекунад.  Сиёсати махфияти мазкур инчунин тарзи интихоби маълумоти шахсиро аз ҷониби корбар мефаҳмонад. 

Вақте ки мо ба маълумоти шахсӣ дар Сиёсати махфияти мазкур истинод меоварем, мо маълумотеро дар назар дорем, ки бо мақсади муайян кардани шахс истифода мешавад ё истифода шуда метавонад.  Ин маънои онро дорад, ки маълумоти шахсӣ идентификаторҳои мустақим (аз қабили ном) ва идентификаторҳои ғайримустақимро (аз қабили компютер ё дастгоҳи мобилӣ ва сӯроғаи IP) дар бар мегирад.  Вақте ки мо ба шумо ё корбар муроҷиат мекунем, мо шахсеро дар назар дорем, ки яке аз Хизматрасониҳоро истифода мебарад.  Вақте ки мо ба назоратчӣ истинод меоварем, мо шахс ё ташкилотеро дар назар дорем, ки кадом маълумоти шахсии аз шумо ё дар бораи шумо ҷамъоварӣ шаванда ва тарзи истифода ва ҳифз кардани маълумоти шахсии мазкурро муайян мекунад.  

Тарзи ҷамъоварӣ, истифода ва муҳофизат кардани иттилооти шахсии шумо аз ҷониби мо тибқи қонунҳои маҳалли ҷойи кори мо танзим карда мешаванд.  Ин маънои онро дорад, ки мо метавонем дар маҳалҳои гуногун таҷрибаҳои гуногун дошта бошем.  Барои иттилооти иловагӣ, лутфан ба Ҳуқуқҳо ва имконоти махфият нигаред, ки тавсифоти иловагии ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои моро дар доираҳои ҳуқуқҳои калидии муайян ва ба кӣ муроҷиат карданро дар бар мегирад.

АГАР ШУМО ДАР БОРАИ ТАРЗИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ШАХСИЯТОН АЗ ҶОНИБИ ШИРКАТИ COCA-COLA ЯГОН САВОЛ ДОШТА БОШЕД, ЛУТФАН БО ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНИИ PRIVACY@COCA-COLA.COM ДАР ТАМОС ШАВЕД.

СИЁСАТИ МАХФИЯТИ МАЗКУР ЧИРО ДАР БАР МЕГИРАД?

Сиёсати махфияти мазкур ба қисматҳои зерин тақсим карда шудааст:

1. СИЁСАТИ МАХФИЯТИ МАЗКУР КАЙ ТАТБИҚ МЕШАВАД?

Сиёсати махфияти мазкур нашр шуда буд ва барои корбарони нав то 7/8/2023 эътибор дорад. 

Версияҳои қаблии Сиёсати махфияти Coca‑Cola то [7/8/2023 + 10 рӯз] эътибор доранд. 

ва тибқи дархост дар сомонаи Privacy@coca-cola.com дастрасанд.

2. СИЁСАТИ МАХФИЯТИ МАЗКУР ДАР КУҶО ТАТБИҚ МЕШАВАД?

Сиёсати махфият ба маълумоти шахсии аз корбарони Хизматрасониҳо ҷамъоваришуда, ки дар он Сиёсати махфият нашр шудааст ё бо он алоқаманд аст, вақте татбиқ мешавад, ки Сиёсати махфият дар Хизматрасониҳо махсусан зикр шуда бошад ё вақте ки Ширкати Coca‑Cola тасдиқ кардани онро аз шумо хоҳиш кунад.   Сиёсати махфияти мазкур инчунин маълумоти шахсиеро дар бар мегирад, ки мо аз истеъмолкунандагон тавассути почтаи электронӣ, телефон ва муроҷиати офлайнӣ ҷамъоварӣ менамоем, масалан ҳангоми як чорабинии ҳузурӣ.  

 

Сиёсати махфияти мазкур инчунин метавонад нисбат ба маълумоти шахсии истеъмолкунандагон, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо ҳамкорӣ мекунанд, татбиқ карда шавад.  Агар шумо дар бораи дахл доштан ё надоштани Сиёсати махфияти мазкур ба маълумоти мушаххаси шахсии марбут ба шабакаҳои иҷтимоӣ савол дошта бошед, лутфан бо мо тавассути почтаи электронии Privacy@coca-cola.com дар тамос шавед. 

Сиёсати махфияти мазкур нисбат ба вебсомонаҳо ва дигар хизматрасониҳои онлайнии (маҷозӣ) аз ҷониби ташкилотҳои дигар идорашаванда татбиқ намешавад.  Ҳамон вебсомонаҳо ва хизматрасониҳо дигар на Сиёсати махфияти мазкурро, балки сиёсатҳои махфияти худро риоя мекунанд.  Бо мақсади донистани чӣ гуна коркард шудани маълумотатон, ҳамон Сиёсати махфиятро бисанҷед.

3. ШИРКАТИ COCA-COLA КАДОМ НАМУДҲОИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ ВА ЧАРО ОНРО ҶАМЪОВАРӢ МЕКУНАД?

a.  Маълумоти аз ҷониби шумо ба мо пешниҳодшаванда

Мо маълумоти шахсиятонро, ки шумо барои мубодила кардан бо мо интихоб мекунед, ҷамъоварӣ мекунем. 

Маълумоти шахсие, ки шумо мехоҳед ба мо пешниҳод кунед, маъмулан намудҳои зерини маълумоти шахсиро дар бар мегирад.  Бо мақсади дарёфти тафсилоти бештар дар бораи категорияҳои маълумоти шахсии аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola ҷамъоварӣ шаванда ва сабаби ҷамъоварӣ шудани он, лутфан маълумоти поёнзикрро аз назар гузаронед:

Маълумоти тамос ва ҳисоби корбар

Ширкати Coca‑Cola барои кушодани ҳисоби корбар дар Хизматрасониҳо ному насаб, сӯроғаи почтаи электронӣ ё рақами мобилӣ ва санаи таваллудро дархост мекунад.  Мо инчунин метавонем номи корбар ва калимаи махфӣ, синну сол, сӯроғаи почтаи электронӣ, идентификатори аз ҷониби ҳукумат содиршуда ва маълумоти шабеҳи тамосро ҷамъоварӣ кунем.

  • Бо мақсади нигоҳ доштани онлайн-ҳисоби корбари худ, агар шумо барои кушодани он қарор қабул кунед

  • Бо мақсади тасдиқи шахсият ва ҳуқуқ ба Хизматрасониҳои мушаххас

  • Бо мақсади танзим кардани таҷрибаи истифодаи шумо аз Хизматрасониҳо

  • Бо мақсади дастрасӣ ба мундариҷаи истисноӣ, тахфифҳо ва дигар имкониятҳо;

  • Бо мақсади идоракунии тотализатор, озмун ё дигар ҳавасмандгардониҳо ё барномаи имтиёзнок

  • Бо мақсади анҷом додани харид ва расондани маҳсулот; 

  • Бо мақсади фиристодани маълумоте, ки ба фикри мо қобили таваҷҷӯҳи шумост, ки баъзан дар асоси маълумоти марбут ба ҳисоби корбари шумо фардӣ кунонида мешавад

  • Бо мақсади гирифтани фикру мулоҳизаҳои шумо, масалан, ҳангоми гузарондани пурсиш дар бораи маҳсулоти нав

  • Бо мақсади посух додан ба саволҳои шумо ва пешниҳоди хизматрасонӣ ба муштариён

  • Барои тадқиқот ва навоварӣ.

  • Вақте ки шумо дар як чорабинии ҳузурӣ, аз қабили чорабиниҳои аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola сарпарастишуда ё ташкилшуда ё гирифтани намунаи маҳсулот, иштирок мекунед.

Мундариҷаи Таҳиянамудаи Корбар (МТК) 

Ширкати Coca‑Cola паёмҳо, шарҳҳо, андешаҳо, сабтҳои овозӣ, аксҳо ва видеоҳоеро, ки шумо тавассути Хизматрасониҳо пешниҳод кардан мехоҳед, ҷамъоварӣ мекунад.

  • Бо мақсади мониторинги ҷомеаҳои онлайн  

  • Бо мақсади сабт кардан ва вокуниш нишон додан ба шарҳҳо ва андешаҳои шумо, аз қабили нисбат ба пурсишҳо, дархостҳои хизматрасонии муштариён ва дигар шаклҳои озоди ҳошияҳои матнӣ;

  • Бо мақсади идора кардани иштироки шумо дар аксияҳое, ки пешниҳоди МТК-ро дар бар мегиранд

  • Бо мақсади ҷамъоварӣ кардани аксҳои корбарон дар робита бо иштирок дар аксияҳои мушаххас ё Хизматрасониҳои дигар

Маълумоти марбут ба ҳисоби корбар дар платформаи шабакаҳои иҷтимоӣ

Вақте ки шумо ба Хизматрасониҳо тавассути ҳисоби корбари шабакаҳои иҷтимоии худ, аз қабили Meta ва Twitter пайваст ё ба онҳо ворид мешавед, мо иттилооти шахсии аз ҷониби платформаи шабакаи иҷтимоӣ иҷозатдодашуда ва иҷозатҳои ҳисоби корбари шуморо, аз қабили акси профил, почтаи электронӣ, лайкмонӣ, шавқ ва дӯстон, пайравон ё рӯйхатҳои ҳамсон, ҷамъоварӣ менамоем.

  • Бо мақсади фардикунонии таҷрибаи Хизматрасониҳои шумо

  • Бо мақсади посух додан ба шарҳҳо ва дархостҳои шумо дар платформаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳлили муошират (ба монанди твитҳо ё саҳифаҳо) бо ё дар бораи Ширкати Coca‑Cola, ҷиҳати беҳтар фаҳмидани он, ки истеъмолкунандагон ба Ширкати Coca‑Cola чӣ гуна баҳо медиҳанд.

(Агар шумо баъдтар ҷиҳати пешниҳод накардани маълумот дар бораи ҳисоби корбари шабакаҳои иҷтимоии худ қарор қабул кунед, танзимоти махфиятро дар ҳисоби корбари иҷтимоии худ танзим кунед.)

Маълумоти макони ҷойгиршавӣ

Макони ҷойгиршавии дақиқ (GPS), вақте ки системаи амалиётии дастгоҳи мобилӣ ба он иҷозат медиҳад.

Макони ҷойгиршавии тахминӣ дар асоси IP сӯроға ё пайвастшавӣ ба WiFi, Bluetooth ё хизматрасонии шабакавии бесим, ки ҳангоми истифодаи Хизматрасониҳо ба таври худкор ҷамъоварӣ карда мешавад

  • Бо мақсади танзим кардани таҷрибаи истифодаи шумо аз Хизматрасониҳо

  • Бо мақсади хабардор кардани шумо дар бораи замони дастрасшавии маҳсулот, аксияҳо ё чорабиниҳо дар наздикии маҳалли шумо ё иҷозат додан ба корбарони дигар барои дидани макони ҷойгиршавии шумо тавассути интихоб кардани "иҷозат додан” аз ҷониби шумо;

  • Бо мақсади фиристодани таблиғоти марбути маҳали ҷойгиршавии ҷуғрофӣ;

Дигар маълумоти шахсии тавассути Хизматрасониҳо мубодилашуда;

  • Бо мақсади идоракунии онлайн-ҷомеаҳо 

  • Бо мақсади идоракунии аксияҳо ва дигар хусусиятҳои Хизматрасониҳое, ки ба шумо ҷиҳати мубодила кардани маълумоти шахсии худ имкон фароҳам меоварад;

  • Бо мақсади ҷамъоварӣ кардани аксҳои корбарон дар робита бо иштирок дар аксияҳои мушаххас ё дигар Хизматрасониҳо, аз қабили барномаи мобилии Смарт кулери (smart coolers) Ширкати Coca‑Cola.

b. Маълумот дар бораи истифодаи Барномаҳои мобилии мо

Ҳангоми боргирӣ ва насби яке аз Барномаҳои мобилӣ, маълумоти ҷамъоварандаи мо аз системаи амалиётӣ ва иҷозатҳои дастгоҳи мобилии шумо вобаста аст;  Барномаҳои мобилии мо барои кор кардан бояд баъзе хусусиятҳо ва маълумотро аз дастгоҳи мобилии шумо истифода баранд.  Масалан, агар шумо ба барномаҳои мобилӣ дастрасии бемамониятро дар реҷаи онлайн дарёфт кардан хоҳед, мо бояд маълумотро аз веб-браузери шумо ҷамъоварӣ карда, онро пайваст кунем.

Бо мақсади дарёфти тафсилоти бештар дар бораи маълумоти мушаххаси ҷамъоварӣ намудаи Барномаи мобилӣ, танзимоти дастгоҳро бисанҷед ё маълумотро оиди иҷозатҳои дар платформаи мушаххас мавҷудбуда (аз қабили Google Play ва App Store), ки аз он Барномаро боргирӣ кардаед, аз назар гузаронед  Баъзе Барномаҳои мобилӣ инчунин ба шумо имкон медиҳанд, ки ҳолати худро нисбат ба маълумоти ҷамъоваришудаи мушаххас дар танзимоти Барномаи мобилӣ бисанҷед ё тағйир диҳед.  Ҳангоми тағйир додани танзимотатон, баъзе хусусиятҳои барнома метавонанд нодуруст кор кунанд.  

Барои қатъ кардани ҷамъоварии тамоми маълумот тавассути Барномаи мобилӣ, лутфан он Барномаи мобилиро нест кунед. 

c.  Маълумоти ба таври худкор ҷамъоваришуда ҳангоми истифодаи Хизматрасониҳо

Мо маълумоти муайянро дар бораи истифодаи Хизматрасониҳо аз компютерҳои корбарон ва дастгоҳҳои мобилӣ ба таври худкор ҷамъоварӣ мекунем.  Баъзе маълумоти ба таври худкор ҷамъоваришуда мувофиқи қонунҳои муайян маълумоти шахсӣ мебошанд.  Маълумоти мазкур бо истифода аз куки-ҳо, пикселҳо, веб-миноҳо ва технологияи ҳамсони ҷамъоварии маълумот ба таври худкор ҷамъоварӣ карда мешавад (дар якҷоягӣ, технологияи ҷамъоварии маълумот). 

Маълумоти ба таври худкор ҷамъоварӣ мекардаи мо маълумоти зеринро дар бар мегирад:

  • Маълумот дар бораи компютер ё дастгоҳи мобилии шумо, аз қабили навъи дастгоҳ ва рақами мушаххас, навъи браузер, таъминкунандагони хизматрасонии интернет, шабакаи мобилӣ ва системаи амалиётӣ

  • Сӯроғаи IP ва ҷойгиршавии васеи ҷуғрофӣ (масалан, ҷойгиршавии сатҳи кишвар ё шаҳр) 

  • Тарзи якҷоя амал кардани компютер ё дастгоҳи мобилӣ бо Хизматрасониҳо, аз ҷумла сана ва вақти дастрасӣ ба Хизматрасониҳо, дархостҳои ҷустуҷӯ ва натиҷаҳо, кликкуниҳои мушак ва ҳраракатдиҳӣ, дастрасӣ ба вебсаҳифаҳои муайян, истинодҳои кликшуда ва видеоҳои тамошошуда 

  • Ченакҳои трафик ва истифодабарӣ

  • Маълумот дар бораи сомонаҳо ё Хизматрасониҳои шахсони сеюм, ки қабл аз якҷоя амалкунӣ бо Хизматрасониҳо дастрас шудаанд, ки ба шумо ҷиҳати мувофиқтар кардани таблиғот барои корбарон имкон фароҳам меоварад

  • Якҷоя амалкунӣ бо коммуникатсияҳои маркетинги мо, аз қабили кушода будан ё набудани почтаи электронии Ширкати Coca‑Cola

d. Маълумоти аз ҷониби шахсони сеюм ҷамъоваришуда

Мо баъзан аз шахсони сеюм маълумоти шахсиро дастрас мекунем, то ки аз он барои дарёфти тафсилоти бештар дар бораи корбарони худ, фардӣ кардани таҷрибаи корбар ва самараноктар таблиғ ва такмил додани Хизматрасониҳо истифода барем.

Намудҳои маълумоти шахсӣ, ки мо аз шахсони сеюм дарёфт мекунем:

  • Маълумоти шахсии марбут ба харид.  Харидҳо бо корти пардохтӣ аз ҷониби коркардкунандагони пардохтҳои шахси сеюм коркард мешаванд. Ширкати Coca‑Cola ба рақамҳои пурраи суратҳисоби бонкӣ, рақамҳои корти кредитӣ ё дебетӣ дастрасӣ надорад. 

  • Маълумоти шахсӣ, ки аз провайдерҳои хизматрасонии маркетинг аз лиҳози тиҷоратӣ дастрас аст ё аз ҷониби шарикони маркетинг тавассути маъракаҳо ва чорабиниҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки ҷиҳати муайян кардани шахсоне истифода мешавад, ки метавонанд ба гирифтани тафсилоти бештар дар бораи Ширкати Coca‑Cola ва мукаммал кардани маълумоти шахсии аллакай доштаи мо манфиатдор бошанд

  • Маълумоти шахсӣ аз ҷониби шарикони таблиғотии шахсони сеюм дастрас намудаи мо, ки ба мо ҷиҳати пешниҳоди таблиғоти мувофиқтар кӯмак мерасонанд 

  • Маълумоти шахсӣ аз ҷониби шарикони истеҳсолкунандагони нӯшокии Coca‑Cola бо Ширкати Coca‑Cola мубодилашаванда

  • Маълумоти шахсӣ аз манбаъҳои дастраси омма

  • Маълумоти шахсӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ (аммо танҳо дар ҳолатҳои нодир)

Мо метавонем маълумоти дар Ширкати Сoca-Cola будаи шуморо якҷоя кунем ё ки маълумот аз манбаъҳои шахсони сеюмро якҷоя кунем. Мо аз ҳар як таъминкунандагони маълумоти шахсони сеюм шаффоф ва ба таври қонунӣ будани мубодилаи маълумоти шахсии худро бо Ширкати Coca‑Cola барои истеъмолкунандагонро талаб мекунем.

e.  Дигар маълумоти бо розигии шумо ҷамъоваришаванда

Мо метавонем аз шумо розигиятонро барои ҷамъоварии баъзе намудҳои маълумоти шахсӣ дархост кунем, то шумо дар фаъолиятҳои нав иштирок намуда, мундариҷаи истисноӣ гирифта ё хусусиятҳои навро санҷида тавонед.  Тибқи баъзе қонунҳо дар бораи дахолатнопазирии зиндагии шахсӣ, Ширкати Coca‑Cola бояд қабл аз ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумоти шахсӣ розигӣ гирад.  Барои тафсилоти бештар ба Қисмати 9 нигаред.

4. ШИРКАТИ COCA-COLA АЗ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ ЧӢ ГУНА ИСТИФОДА МЕБАРАД?

Ширкати Coca‑Cola аз маълумоти шахсӣ баҳри пешниҳод ва такмил додани Хизматрасониҳо, пешбурди тиҷорати мо, ҳифзи корбарон ва иҷрои ҳуқуқҳои қонунии мо истифода мебарад.  

Мо аз маълумоти шахсӣ баҳри пешниҳод, фардикунонӣ ва такмил додани Хизматрасониҳо истифода мебарем (дар ҳар сурат тибқи қонунгузории амалкунанда), аз ҷумла: 

  • бо мақсади тавлид ва тағйирдиҳии ҳисобҳои корбарон ва иҷрои дархостҳои корбарон 

  • бо мақсади мутамарказ кардани маълумоти шахсии истеъмолкунандагон дар махзани маълумоти аз ҷониби шахсони сеюми аз номи мо идорашаванда ва илова кардани маълумоти аз ҷониби шахсони сеюм ҷамъоваришуда 

  • бо мақсади фиристодани паёмакҳои маркетингӣ ва ғайри маркетингӣ ба корбарон 

  • бо мақсади таъмини муошират байни корбарон, ба монанди ҷомеаи онлайнӣ 

  • барои таблиғоти мақсаднок (инчунин баъзан таблиғоти фардӣ ё ба манфиат нигаронидашуда номида мешавад) дар асоси маълумоте, ки аз ҷониби фаъолияти онлайни корбар тавлид мешавад, ба монанди ворид шудан ба вебсомонаҳои дорои таблиғот ё куки-файлҳои шарикони таблиғотии мо, ки баъзеи онҳо ба макони ҷӯғрофӣ асос ёфтаанд;  

  • бо мақсади гирифтани тафсилоти бештар дар бораи корбарони мо барои тавсия дода тавонистани мундариҷае, ки ба назари мо мавриди таваҷҷӯҳи корбарони мушаххас қарор хоҳанд гирифт 

  • бо мақсади таблиғ ва идоракунии барномаи имтиёзнок; 

  • бо мақсади хизматрасонӣ ба мизоҷон  

  • бо мақсади таҳлили тарзи муносибати корбарон бо Хизматрасониҳо ва тамоюлҳои фаъолият баҳри таҳия карда тавонистани хусусиятҳо ва мундариҷаи наве, ки ба интизориҳои истеъмолкунандагони мо мувофиқат кунанд 

  • бо мақсади беҳтар кардани хизматрасонӣ ва таҷрибаи корбарии онҳо; 

  • бо мақсади таҳлили маълумот, таҳқиқот, таҳияи маҳсулот ва омӯзиши мошинӣ, ки ба мо ҷиҳати дарки беҳтар ва пешниҳоди навовариҳо ба истеъмолкунандагон имкон фароҳам меоварад 

  • бо мақсади назорат ва санҷиши Хизматрасониҳо, аз ҷумла ҳалли мушкилоти амалиетӣ 

  • бо мақсади тавлид кардани маълумоти анонимии ба Сиёсати махфияти мазкур тааллуқ надошта ҷиҳати беҳтар кардани маҳсулот ва хизматрасониҳои Ширкати Coca‑Cola ва ҳадафҳои шабеҳи тиҷорат ва дар ҳолатҳои дигари бо шартнома ва қонунгузорӣ иҷозатдодашуда истифода мешаванд 

  • бо мақсади ошкор ва муҳофизат кардан аз қаллобӣ, сӯиистифода ва истифодаи беиҷозат аз Хизматрасониҳо 

  • бо мақсади идоракунии хавфҳо ва ҳадафҳои ҳамсони маъмурӣ, аз қабили назорат ва иҷрои созишномаҳои корбарӣ ва бо дигар тариқ риоя кардани қонунҳои марбути Ширкати Coca‑Cola 

5. ОЁ ШИРКАТИ COCA-COLA АЗ КУКИ-ФАЙЛҲО ВА ДИГАР ТЕХНОЛОГИЯИ ҶАМЪОВАРИИ МАЪЛУМОТ ИСТИФОДА МЕБАРАД?

Мо куки-файлҳо ва дигар технологияҳои ҷамъоварии маълумотро барои шинохтани шумо ва/ё дастгоҳҳои шумо ҳангоми истифодаи Хизматрасониҳо ва ҷамъоварии маълумоти шахсӣ дар бораи шумо ба кор мебарем.  

Баъзе вебсомонаҳое, ки қисми Хизматрасониҳо маҳсуб меёбанд, дорои огоҳиномаҳои махсус дар бораи куки-файлҳо ва дигар технологияҳои ҷамъоварии маълумот мебошанд, ки нисбат ба вебсомонаҳо ва истеъмолкунандагони мушаххас татбиқ мешаванд.  Агар шумо ба вебсомонаи Ширкати Coca‑Cola бо огоҳинома дар бораи куки-файлҳо ворид шавед, онгоҳ огоҳиномаи вебсомона дар бораи куки-файлҳо татбиқ карда мешавад.

Куки-файлҳо чистанд?

Куки-файлҳо файлҳои матнии хурде мебошанд, ки ба веб-браузер ё сахтафзори компютер фиристода мешаванд ё ба он дастрасӣ пайдо мекунанд. Куки-файлҳо маъмулан номи домейнро (ҷойгиршавии интернет) дар бар мегирад, ки аз он куки-файлҳо сохта шудааст, “вақти ҳаёт"-и куки-файлҳо (яъне мӯҳлати ба охир расидани он) ва рақами ба таври тасодуфӣ сохташуда ё идентификатори шабеҳ. Куки-файлҳо инчунин метавонад тафсилотро дар бораи компютер ё дастгоҳи шумо, ба монанди танзимот, таърихи воридшавӣ ва фаъолиятҳои ҳангоми истифодаи Хизматрасониҳо анҷом додашаванда, дар бар гирад.

Ширкати Coca‑Cola инчунин аз "пикселҳо" истифода мебарад (баъзан маякҳои веби номида мешаванд). Пикселҳо тасвирҳои шаффофе мебошанд, ки иттилоотро дар бораи кушодани почтаи электронӣ ва истифодаи вебсомона дар байни вебсомонаҳо ва бо мурури замон ҷамъ карда метавонанд.

Куки-файлҳои аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola насбшуда дар Хизматрасониҳо куки-файлҳои шахсони аввал номида мешаванд. Куки-файлҳое, ки дар Хизматрасониҳо аз ҷониби ягон шахсони дигар насб шудаанд, куки-файлҳои шахсони сеюм номида мешаванд. Куки-файлҳои шахсони сеюм имкон медиҳанд, ки аз функсияҳо ё имконоти шахси сеюм дар Хизматрасониҳо ё тавассути Хизматрасониҳо, ба монанди таҳлил ва автоматизатсияи маркетинг истифода бурда шавад. Ҷонибҳои куки-файлҳои шахсони сеюмро насб карда, метавонанд дастгоҳи шуморо ҳам ҳангоми истифодаи он баҳри дастрасӣ ба Хизматрасониҳо ва ҳам ҳангоми истифодаи он барои воридшавӣ ба баъзе вебсомонаҳои дигар эътироф кунанд.  Барои гирифтани тафсилоти бештар дар бораи куки-файлҳо дар маҷмӯъ, ба сомонаи www.allaboutcookies.orgворид шавед. 

Баъзе веббраузерҳо (аз ҷумла Safari, Internet Explorer, Firefox ва Chrome) хусусияти “Пайгирӣ накардан” (ПНК) ё хусусияти шабеҳро дар бар мегиранд, ки ба вебсомонаҳо ба розӣ набудани корбар баҳри пайгирӣ кардани фаъолият ва рафтори онлайнии вай ишора мекунанд.  Агар вебсомонае, ки ба сигнали мушаххаси ПНК посух диҳад, сигнали ПНК-ро қабул кунад, браузер фаъолияти вебсомонаи мазкурро ҷиҳати аз кэши браузер ҷамъоварӣ кардани иттилооти муайян манъ мекунад. На ҳама браузерҳо варианти ПНК-ро пешниҳод мекунанд ва сигналҳои ПНК ҳанӯз ҳамсон нестанд. Аз ин лиҳоз, бисёре аз операторони вебсомона, аз ҷумла Ширкати Coca‑Cola, то ҳол ба сигналҳои ПНК посух намедиҳанд.

Барои чӣ Ширкати Coca‑Cola аз куки-файлҳо ва дигар технологияҳои ҷамъоварии маълумот истифода мебарад?

Баъзе аз куки-файлҳо барои ба роҳ мондани Хизматрасониҳо талаб карда мешаванд. Дигар куки-файлҳо ба мо ҷиҳати пайгирӣ кардани манфиатҳои корбарон баҳри таблиғи мақсаднок ва афзоиш додани Таҷрибаи Хизматрасониҳо имкон фароҳам меоваранд.

Намудҳои куки-файлҳои дар Хизматрасониҳо истифодашаванда ва сабабҳои истифодаи онҳо чунинанд:

  • Куки-файлҳои таъиноти қатъӣ барои ба роҳ мондани Хизматрасониҳо заруранд.

  • Куки-файлҳои самаранокӣ ё таҳлилӣ (аналитикӣ) маълумотро дар бораи истифодаи Хизматрасониҳо ҷамъоварӣ мекунанд, то ки мо Хизматрасониҳоро таҳлил ва такмил дода тавонем. Куки-файлҳои самаранокӣ ё таҳлилӣ (аналитикӣ) маъмулан пас аз пӯшидани браузер то нест кардани онҳо дар компютер боқӣ мемонанд.

  • Куки-файлҳои таблиғотӣ бо мақсади мувофиқтар кардани паёмакҳои таблиғотӣ барои шумо тавассути кӯмак расондан ба мо барои намоиш додани таблиғот дар асоси манфиатҳои пешбинишудаи шумо, пешгирӣ кардан аз зуд-зуд пайдо шудани ҳамон таблиғот ва таъмин кардани намоиши дурусти таблиғот истифода бурда мешаванд.

  • Куки-файлҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба корбарон имкон медиҳанд, ки бо платформаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба осонӣ муошират кунанд. Мо куки-файлҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ назорат намекунем ва онҳо ба мо имкон намедиҳанд, ки бидуни иҷозати шумо ба ҳисобҳои корбари шабакаҳои иҷтимоии шумо дастрасӣ пайдо кунем. Бо мақсади дарёфти маълумот дар бораи куки-файлҳои истифодашуда, ба сиёсати махфияти дахлдори платформаи шабакаи иҷтимоӣ нигаред. 

Технологияи ҷамъоварии маълумот ба Ширкати Coca‑Cola имкон медиҳад, ки хусусиятҳои гузаришро аз як вебсаҳифа ба вебсаҳифаи дигар пайгирӣ кунад, cookie-файлҳоро расонад ё бо онҳо муошират кунад, фаҳмад, ки оё корбарон ба Хизматрасониҳо тавассути дидани онлайн-таблиғоти мо дар вебсомонаи шахсони сеюм ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии Хизматрасониҳо ва санҷидани муваффақияти маъракаҳои маркетинги почтаи электронии мо ворид мешаванд.  Сиёсати куки-файлҳои Ширкати Coca‑Cola (дар баъзе доираҳои ҳуқуқ (юрисдиксияҳо) дастрасанд) истифодаи технологияҳои ҷамъоварии маълумоти Ширкати Coca‑Cola-ро тавсиф мекунад.  

Агар тибқи қонунгузории амалкунанда иҷозат дода шуда бошад, Хизматрасониҳо аз Google Analytics баҳри таблиғи мақсаднок (Ширкати Google баъзан онро "ремаркетинг" меномад) истифода мебаранд.  Ширкати Google аз куки-файлҳое истифода мебарад, ки Ширкати Google ҳангоми ворид шудани истеъмолкунандагон ба вебсомонаҳои гуногун муайян мекунад.  Маълумоти тавассути куки-файлҳои Ширкати Google ҷамъоваришуда ба Ширкати Coca‑Cola ҷиҳати таҳлил намудани тарзи истифода шудани Хизматрасониҳои мазкур, барои баъзе Хиизматрасониҳо ва дар баъзе доираҳои ҳуқуқ (юрисдиксия), дар фардикунонии муоширати маркетингӣ ва таблиғоти рақамӣ кӯмак мерасонанд.

Хизматрасониҳо инчунин видеоҳоро аз вебсомонаи YouTube (Ширкати Google) тавассути кадрикунонӣ ҷойгир мекунанд.  Ин маънои онро дорад, ки пас аз пахш кардани тугмача барои намоиши видеои YouTube тавассути Хизматрасониҳо, байни Хизматрасониҳо ва серверҳои YouTube робита барқарор мешавад.  Сипас истинод HTML-и аз ҷониби YouTube пешниҳодшуда ба рамзи Хизматрасониҳо баҳри тавлид кардани намоишдиҳии кадрӣ ворид карда мешавад. Видеоҳои дар серверҳои YouTube нигоҳ дошташаванда, сипас дар Хизматрасониҳо кадр ба кадр намоиш дода мешаванд.  YouTube инчунин маълумотеро дарёфт мекунад, ки ба YouTube хабар медиҳад, ки шумо феълан аз Хизматрасониҳо истифода мебаред: IP сӯроға, маълумоти браузер, системаи амалиетӣ ва танзимоти дастгоҳи истифодашаванда, URL-и саҳифаи интернетии ҷорӣ, саҳифаҳои интернетии қаблан дидашуда, ба шарте ки шумо истиноди видеоҳои тамошо кардаатонро пайгирӣ карда бошед.  Агар шумо ба ҳисоби корбари YouTube-и худ ворид шуда бошед, маълумот метавонад бо профили корбари шумо дар YouTube алоқаманд бошад. Бо мақсади пешгирии алоқамандии мазкур, қабл аз истифодаи Хизматрасониҳо аз ҳисоби корбариятон дар YouTube хориҷ шавед ва куки-файлҳои марбутро нест кунед.

Бо мақсади дарёфти маълумоти бештар дар бораи тарзи ҷамъоварӣ, истифода ва мубодилаи иттилооти шумо аз ҷониби Ширкати Google, лутфан ба саҳифаи Сиёсати махфияти Ширкати Google ворид шавед. 

Бо мақсади дарёфти маълумоти бештар дар бораи тарзи истифодаи куки-файлҳо аз ҷониби Ширкати Google, лутфан ба саҳифаи Таблиғот ворид шавед. 

Бо мақсади пешгирӣ кардани истифодаи иттилооти шумо аз ҷониби Google Analytics, шумо метавонед иловаи браузери Google-ро насб кунед

Бо мақсади қатъ кардани обунаи худ аз таблиғоти Ширкати Google, ки ба манфиатҳои шумо нигаронида шудааст, аз Танзимоти таблиғоти Ширкати Google истифода баред.

Агар шумо дар МИА (Минтақаи иқтисодии Аврупо), Швейтсария ё Бритониёи Кабир қарор дошта бошед, лутфан махсусан бар он диққат кунед, ки агар шумо ба куки-файлҳои Ширкати Google дар Маркази афзалиятҳои махфияти Ширкати Coca‑Cola иҷозат диҳед, маълумоти куки-файлҳои мазкур дар бораи истифодаи Хизматрасониҳо ҷамъоваришаванда аз ҷониби Ширкати Google дар серверҳои ИМА интиқол ва нигоҳ дошта мешаванд. Ширкати Coca‑Cola аз асбобҳои технологӣ, аз ҷумла аз асбобҳои анонимизатсиякунии IP-и сӯроғаи Ширкати Google ҷиҳати истисно кардани қисми охирини IP-и сӯроғаи шумо, қабл аз интиқоли маълумотҳо ба ИМА аз ҷониби Ширкати Google, инчунин асбобҳои Ширкати Google барои ғайрифаъол кардани мубодилаи маълумот ва сигналҳои Ширкати Google ва танзим кардани ID-и корбар дар Google Analytics барои доираҳои ҳуқуқи (юрисдиксия) мушаххас истифода бурдааст.  Ширкати Google IP-сӯроғаро бо дигар маълумоти дар Ширкати Google ҳифзшуда алоқаманд намекунад.  

Ширкати Google аз номи Ширкати Coca‑Cola аз маълумоти болозикр бо мақсади таҳияи ҳисобот истифода мебарад, ки ба Ширкати Coca‑Cola дар фаъолият ва таъмини Хизматрасониҳо кӯмак мерасонад.

Интихоби куки-файлҳои шумо

Шумо ба қабул ё рад кардани куки-файлҳо ҳуқуқ доред.  Шумо метавонед браузери худро тавре танзим кунед, ки ҳамаи куки-файлҳоро рад кунад ё ба насб шудани онҳо ишора кунад. (Аксари браузерҳо куки-файлҳоро ба таври худкор қабул мекунанд, аммо ба шумо барои хомӯш кардани онҳо имкон медиҳад, аммо диққат кунед, ки баъзе хусусиятҳои Хизматрасониҳо бидуни куки-файлҳо метавонанд нодуруст кор кунанд.)  

Тавре ки дар боло зикр гардид, Ширкати Google барои браузер иловаеро таҳия кардааст, ба шарте ки шумо куки-файлҳои барои Google Analytics истифодашавандаро тарк кардан хоҳед.  Шумо метавонед иловаи веб-браузерро аз ин ҷо боргирӣ ва насб кунед.  Шумо метавонед аз истифодаи куки-файлҳои мазкур тавассути интихоби танзимоти мувофиқ дар браузер даст кашед.

Баъзе аз доираҳои ҳуқуқ (юрисдиксия) инчунин дорои сиёсати куки-файлҳое мебошанд, ки аз Сиёсати махфияти мазкур, аз ҷумла аз асбобҳои идоракунии куки-файлҳо, ҷудо карда шудаанд ва илова ба он маҳсуб меёбанд.  Барои тафсилоти бештар ба Қисмати 9 нигаред. 

6. ШИРКАТИ COCA-COLA МАЪЛУМОТИ ШАХСИРО ЧӢ ГУНА МУБОДИЛА МЕКУНАД?

Ширкати Coca‑Cola маълумоти шахсиро бо одамон ва ширкатҳое мубодила мекунад, ки ба фаъолияти Хизматрасониҳо ва амалишавии фаъолияти тиҷоратии мо, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки ба мо иҷозат дода шудааст ё тибқи қонун талаб карда мешавад, кӯмак мерасонанд.  Мо инчунин, тибқи дархости корбар, маълумоти шахсиро мубодила мекунем.  Мо аз нафароне, ки маълумоти шахсиро аз мо дарёфт мекунанд, риоя кардани муқаррароти Сиёсати махфияти мазкурро, то дами огоҳ шудани корбарон аз татбиқи дигар сиёсати махфият ё огоҳинома, талаб мекунем.

Ширкати Coca‑Cola маълумоти шахсиро бо категорияҳои зерини дарёфткунандагон мубодила мекунад:

  • Мушовирони касбӣ ба монанди ҳуқуқшиносон, муҳосибон, суғуртакунандагон ва коршиносони амнияти иттилоотӣ ва криминалистӣ

  • Таъминкунандагони маркетинг, ки ба пешбурди Хизматрасониҳо кӯмак мерасонанд (масалан, бо маркетинги почтаи электронӣ) ва баъзан маълумоти шахсии аллакай дар даст доштаи моро пурратар мегардонад.  Масалан, Ширкати Meta маълумоти муайяни марбут ба истифодаи Хизматрасониҳоро ба даст меорад ва аз он истифода мебарад, то ба мо дар таъмини таблиғи инфиродӣ дар платформаи худ кӯмак расонад ва самаранокии таблиғоти мазкурро арзёбӣ кунад.  

  • Таъминкунандагони хизматрасонӣ ба онҳо имкон медиҳанд, ки хизматрасониҳоро аз номи мо, аз ҷумла таҳлил ва амнияти маълумот, амалиёти тиҷорати электронӣ, пурсишҳо, таҳқиқот, идоракунии аксияҳо, пешниҳодҳо ва барномаҳои имтиёзнок, ба роҳ монанд ва инчунин ба мо дар пешбурди тиҷоратамон кӯмак расонанд.  Баъзе аз таъминкунандагони мазкури хизматрасонӣ масъулияти ҷаҳонӣ доранд.

  • Таъминкунандагони системаи нигаҳдории маълумоти абрӣ

  • Харидорон ё сармоягузорони эҳтимолӣ ё воқеӣ ва мушовирони касбии онҳо дар робита бо ҳама гуна якҷояшавӣ, ба дастоварӣ ё сармоягузорӣ ба ё аз тамоми ё ягон қисми тиҷорати мо. Мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то ки шартҳои Сиёсати махфияти мазкур пас аз муомилот ба маълумоти шахсӣ татбиқ карда шаванд ё корбарон дар бораи тағйирот дар коркарди маълумоти шахсӣ қаблан огоҳонида шаванд.

  • Филиалҳо ва шарикони Ширкати Coca‑Cola

  • Мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти танзимкунандаи давлатӣ ва судҳо, вақте ки мо мутмаъинем, ки ифшои маълумот (i) бо мақсади риояи қонун, (ii) бо мақсади татбиқ, таъсис ё ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ё (iii) бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими корбарон, шарикони тиҷоратӣ, провайдерҳои хизматрасон ё шахси сеюми дигар зарур аст. 

  • Дигар шахсони сеюм бо иҷозати шумо.

Агар мо маълумоти шахсиро мубодила кунем, мо аз дарёфткунандагон коркарди иттилооти шахсиро тибқи Сиёсати махфияти мазкур ва талаботи махфият ва амнияти мо талаб мекунем.  

7. ШИРКАТИ COCA-COLA МАЪЛУМОТИ ШАХСИРО ЧӢ ГУНА МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД?

Ширкати Coca‑Cola баҳри амният ва бехатарии маълумоти шахсии ба мо додашуда ғамхорӣ зоҳир мекунад.  Мо ҷиҳати муҳофизат кардани маълумоти шахсӣ аз дастрасӣ ва истифодаи беиҷозат аз чораҳои гуногун истифода мебарем.

Ширкати Coca‑Cola аз кафолатҳои техникӣ, ҷисмонӣ ва маъмурӣ, ки баҳри ҳифзи маълумоти шахсии барои мо пешбинӣ шудааст, истифода мебарад. Кафолатҳои мо баҳри таъмини сатҳи амнияти мувофиқ ба хавфи коркарди маълумоти шахсии шумо пешбинӣ шудаанд ва (агар лозим бошад) чораҳои таъмини махфияти доимӣ, ҳамгироӣ, дастрасӣ ва устувории системаҳои коркард ва тартиби санҷиши мунтазам, арзёбӣ ва баҳодиҳии самаранокии чораҳои техникӣ ва ташкилӣ бо мақсади таъмини бехатарии коркарди маълумоти шахсиро дар бар мегиранд.  Аммо, Ширкати Coca‑Cola наметавонад хатарҳои амниятии марбут ба коркарди маълумоти шахсиро пурра бартараф кунад.  

Шумо барои таъмини амнияти эътимодномаи ҳисоби корбари худ масъул ҳастед. Ширкати Coca‑Cola дастрасиро ба Хизматрасониҳо тавассути эътимодномаи ҳисоби корбари шумо мувофиқи иҷозати шумо коркард хоҳад кард. 

Ширкати Coca‑Cola метавонад истифодаи ҳама ё қисме аз Хизматрасониҳоро бидуни огоҳӣ боздорад, агар мо аз ягон вайрон кардани амният гумонбар шавем ё ошкор кунем.  Агар ба фикри шумо маълумоти ба Ширкати Coca‑Cola фиристодаатон ё ҳисоби корбари шумо дигар ҳифз карда нашудааст, фавран ба мо дар ин бора бо Privacy@coca-cola.com хабар диҳед.

Агар мо дар бораи ба амнияти маълумоти шахсии шумо таъсир расондани қонуншикание огоҳ шавем, мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунанда мо ба шумо огоҳинома мефиристем. Агар бо қонунгузории амалкунанда ба он иҷозат дода шавад, Ширкати Coca‑Cola ба шумо огоҳиномаи мазкурро бо истифода аз сӯроғаи почтаи электронии бо ҳисоби корбари шумо пайвастбуда ё дигар роҳи иҷозатдодашудаи марбут ба ҳисоби корбари шумо мефиристад.

ДАСТРАСИИ БЕИҶОЗАТ БА МАЪЛУМОТ ВА ХИЗМАТАРСОНИҲОИ ШАХСӢ, АЗ ҶУМЛА ТОЗАКУНӢ МАНЪ АСТ ВА МЕТАВОНАД БОИСИ ТАЪҚИБИ ҶИНОӢ ГАРДАД.

8.  ШИРКАТИ COCA-COLA МАЪЛУМОТИ ШАХСИРО ЧӢ ҚАДАР НИГОҲ МЕДОРАД?

Мо маълумоти шахсиро дар бораи корбар, то вақти фаъол будани ҳисоби корбар ва бо мақсадҳои зарури болозикр нигоҳ медорем.  Мо инчунин маълумоти шахсиро, то вақти зарур будан барои риояи ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли баҳсҳо ва иҷрои созишномаҳои худ, нигоҳ медорем. 

Мо нияти дақиқ ва замонавӣ нигоҳ доштани маълумоти шахсии шуморо дорем.  Мо маълумоти шахсиро, ки тибқи Сиёсати махфияти мазкур ва тибқи Сиёсати нигаҳдории иттилоот коркард мекунем, нигоҳ медорем.   Ҳангоми муайян кардани мӯҳлати нигаҳдорӣ, мо меъёрҳои гуногунро, аз қабили намуди маҳсулот ва хизматрасониҳои дархост ё пешниҳод намудаи шумо, хусусият ва давомнокии муносибатҳои мо бо шумо ва мӯҳлати нигаҳдории ҳатмӣ тибқи қонунҳои амалкунанда, ба назар мегирем.  Дар охири давраи нигаҳдории дахлдор мо ё маълумоти шахсиро нест мекунем ё беном (анонимӣ) мекунем ва ё агар мо маълумоти шахсиро нест ё беном карда натавонем, пас мо маълумоти шахсиро то дами имконпазир будани несткунӣ ё беномкунии он, дар алоҳидагӣ ва бехатар нигоҳ медорем. 

Вақте ки мо маълумоти шахсиро беном (анонимӣ) мекунем, он дигар маълумоти шахсӣ маҳсуб намеёбад. Мо аз маълумоти беном (анонимӣ) тибқи қонунгузорӣ ва шартномаҳои амалкунанда истифода мебарем.

9. КАДОМ ИМКОНОТ БАРОИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ ВУҶУД ДОРАД?

Шумо метавонед роҳҳои коркарди маълумоти шахсии худро аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola интихоб кунед.  Шумо ҳуқуқи махфияти худро бо тамос гирифтан бо Ширкати Coca‑Cola, тавре ки дар ин Қисмати 9 тавсиф шудааст ё бо истифода аз асбобҳои гуногуни Ширкати Coca‑Cola, амалӣ карда метавонед. Дар баъзе ҳолатҳо, имконоти шумо барои дастрасӣ ё назорати маълумоти шахсӣ бо қонунҳои амалкунанда маҳдуд карда шудааст.

Танзимоти дастгоҳи мобилӣ

Системаҳои оператсионии мобилӣ ва платформаҳои барномаҳои мобилӣ (масалан, Google Play, App Store) дорои танзимоти иҷозат барои намудҳои муайяни маълумот ва огоҳиҳои дастгоҳи мобилӣ, аз қабили дастрасӣ ба тамосҳо, хизматарсониҳои макони ҷуғрофӣ ва огоҳиномаҳо мебошанд.  Дар дастгоҳи мобилии худ шумо метавонед барои розигӣ додан ё рад кардани ҷамъоварии маълумоти муайян ва/ё огоҳиномаҳо аз танзимот истифода баред.  Баъзе барномаҳо инчунин метавонанд имконоти тағйир додани иҷозатҳо ва огоҳиномаҳоро дошта бошанд.  Дар баъзе барномаҳои мобилӣ, тағйир додани имконот метавонад боиси нодуруст кор кардани баъзе ҷузъҳои барнома гардад.

Шумо метавонед ҷамъоварии тамоми маълумотро аз Барномаи мобилӣ тавассути нест кардани Барномаи мобилӣ қатъ кунед.  Ҳангоми нест кардани барнома, инчунин имконоти системаи амалиётиро санҷед, то муайянкунандаи беназир ва дигар фаъолиятҳои марбут ба истифодаи Барномаи мобилӣ аз ҷониби шумо аз дастгоҳи мобилӣ нест карда шаванд. 

Рад кардани мактубҳои электронӣ ва паёмакҳои матнии Ширкати Coca‑Cola

Барои қатъ кардани гирифтани мактубҳои таблиғотӣ аз Ширкати Coca‑Cola, ба истиноди "Қатъ кардани обуна" дар поёни почтаи электронӣ ангушт занед.  Пас аз рад кардани шумо, мо метавонем ба шумо паёмакҳои ғайрифаъол, аз қабили расидҳои харид ё иттилооти маъмурӣ дар бораи ҳисоби корбари шумо, фиристем.  

Танзимоти ҳисоби корбар инчунин ба шумо имконоти тағйир додани танзимоти огоҳиномаро, аз қабили огоҳиномаҳо аз барномаи мобилӣ, фароҳам меоварад.  

Барои қатъ кардани дарёфти паёмакҳои матнии таблиғотӣ (SMS е MMS), ба Ширкати Coca‑Cola паёмаки матнӣ фиристед ва нишон диҳед, ки шумо аз ҷониби мо гирифтани паёмакҳои матнии таблиғотиро қатъ кардан мехоҳед.  Ғайр аз он, шумо метавонед ба мо тавассути дар Қисмати "Тамос бо мо” овардашуда хабар диҳед.  Лутфан муайян кунед, ки кадом намуди паёмакҳоро, инчунин рақами телефон, сӯроға ва/ё сӯроғаи почтаи электронии дахлдорро, дигар гирифтан намехоҳед.  Агар шумо аз гирифтани паёмакҳои марбут ба маркетинги мо даст кашед, мо то ҳол ба шумо паёмакҳои муҳими маъмурӣ, аз қабили почтаи электронӣ дар бораи ҳисобҳои корбар ё хариди шумо фиристода метавонем.

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚҲО ВА ИНТИХОБИ МАХФИЯТ БАРОИ ДОИРАҲОИ ҲУҚУҚИ (ЮРИСДИКСИЯ) МУШАХХАС ДАР ОХИРИ СИЁСАТИ МАХФИЯТИ МАЗКУР ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД.  МО БА ШУМО БО ҚИСМАТҲОИ ДАХЛДОР ШИНОС ШУДАНРО ТАВСИЯ МЕДИҲЕМ.  

АГАР ШУМО ДАР САЛОҲИЯТИ ДОИРАИ ҲУҚУҚИ (ЮРИСДИКСИЯ) ҲУҚУҚҲОИ МАХФИЯТ, КИ СИЁСАТИ МАХФИЯТИ МАЗКУР ТАВСИФ НАШУДААНД, ҚАРОР ДОШТА БОШЕД, ЛУТФАН БО МО ТАВАССУТИ PRIVACY@COCA-COLA.COM ДАР ТАМОС ШАВЕД. Мо ҳуқуқҳои махфияти шуморо эҳтиром мекунем ва барои қонеъ кардани дархостҳои шумо талош меварзем.

10. ШИРКАТИ COCA-COLA МАХФИЯТИ КӮДАКОНРО ЧӢ ТАВР МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД?

Баъзе Хизматрасониҳо маҳдудияти синну сол доранд, яъне мо метавонем қабл аз ба истифода намудани Хизматрасониҳо аз ҷониби шумо иҷозат диҳем, барои санҷидани синну соли шумо саволҳо диҳем.  

Тибқи Сиёсати масъулияти маркетингии мо, Ширкати Coca‑Cola маркетинги маҳсулоти моро мустақиман ба кӯдакони то 13-сола равона намекунад.  Ғайр аз ин, мо маълумоти шахсиро дар интернет аз кӯдакон ҷамъоварӣ намекунем, ба шарте, ки бо қонунгузории амалкунанда ба он иҷозат бошад.  Агар шумо дар бораи бе иҷозати волидайн аз ҷониби кӯдак пешниҳод шудани маълумоти шахсӣ хабардор шуда бошед, ба истиснои ҳолатҳои тибқи қонунгузории амалкунанда иҷозат додааст, бо Идораи махфияти мо тавассути privacy@coca-cola.com дар тамос шавед. Пас аз огоҳ шуданамон, мо барои нест кардани маълумоти шахсии кӯдак тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда чораҳо меандешем.

11. ОЁ ШИРКАТИ COCA-COLA МАЪЛУМОТИ ШАХСИРО БА ДИГАР КИШВАРҲО ИНТИҚОЛ МЕДИҲАД?

Ширкати Coca‑Cola метавонад маълумоти шахсиро аз сарҳад ба ҳар ҷои тиҷорат мекардаи мо, таъминкунандагон ва шарикони мо интиқол диҳад. Ин ҷойҳои дигар метавонанд дорои қонунҳои ҳифзи маълумоте бошанд, ки нисбат ба қонунҳои (ва дар баъзе ҳолатҳо камтар ҳифз карда мешаванд) дар доираи он зиндагӣ мекардаи шумо фарқ кунанд.  

Агар маълумоти шахсии шумо тавассути сарҳад аз ҷониби мо ё аз номи мо интиқол дода шавад, мо баҳри ҳифзи маълумоти шахсии шумо тибқи Сиёсати махфияти мазкур ва қонунҳои амалкунанда аз кафолатҳои мувофиқ истифода мебарем.  Кафолатҳои мазкур аз розӣ шудан бо муқаррароти стандартии шартномавӣ ё шартномаҳои намунавӣ ҷиҳати интиқоли маълумоти шахсӣ байни филиалҳои Ширкати Coca‑Cola ва миёни таъминкунандагон ва шарикони мо иборат мебошанд.  Ҳангоми бастани қарордодҳои мазкур, филиалҳо, таъминкунандагон ва шарикони мо вазифадоранд маълумоти шахсиро тибқи қонунҳои дахлдори махфият ҳифз кунанд.  

Барои гирифтани маълумот дар бораи муқаррароти стандартии шартномавии мо ё дигар кафолатҳо барои интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ, бо Идораи махфияти мо тавассути privacy@coca-cola.com дар тамос шавед.

12. СИЁСАТИ МАХФИЯТИ МАЗКУР КАЙ ТАҒЙИР МЕЁБАД?

Мо баъзан метавонем ба Сиёсати махфияти мазкур дар посух ба тағйирот дар қонунгузорӣ, фаъолияти техникӣ ё тиҷоратӣ тағйиру иловаҳо ворид намоем.  Версияи охирин ҳамеша тавассути Хизматрасониҳо дастрас аст.

Пас аз оне, ки мо ба Сиёсати махфияти мазкур тағйиру иловаҳо ворид мекунем, мо версияи тағйир додашударо нашр мекунем ва Санаи эътибори болозикрро тағйир медиҳем.  Мо инчунин ҷиҳати огоҳ кардани шумо дар бораи тағйироти ҷиддие, ки ба назари мо ба ҳуқуқҳои махфияти шумо таъсир мерасонанд, чораҳои дахлдорро меандешем, то ки шумо барои аз назар гузарондани Сиёсати махфияти мазкури ҷадид қабл аз эътибор пайдо кардани он имкон дошта бошед.  Агар розигии шумо тибқи қонунгузории амалкунандаи махфият талаб карда шавад, қабл аз татбиқи сиёсати махфияти ислоҳшуда мо барои тағйироти он розигии шуморо мегирем.  Сиёсати махфияти мазкурро мунтазам санҷида бинед, то боварӣ ҳосил кунед, ки шумо аз версияи тағйир додашуда хабар доред.

13. ҲУҚУҚҲО ВА ИНТИХОБИ МАХФИЯТ БАРОИ ДОИРАҲОИ ҲУҚУҚИ МУШАХХАС

Сокинони кишвари Африқои Ҷанубӣ  Маълумоти шахсии аз шумо гирифташуда барои дастрасӣ ба Хизматрасониҳо муҳим аст.  Пешниҳод накардани маълумоти шахсии мазкур метавонад шуморо аз дастрасӣ ва ё истифодаи ягон ё ҳама гуна Хизматрасониҳо боздорад.  Тибқи Қонуни Ҳифзи маълумоти шахсии № 4 аз соли 2013 (ҚҲМШ), ҳифзи маълумоти шахсии шахсони ҳуқуқӣ низ таъмин карда мешавад; аз ин рӯ, агар барномаҳои мобилӣ ё вебсомонаҳо аз номи шахси ҳуқуқӣ дастрас бошанд, маълумоти шахсии чунин шахси ҳуқуқӣ бояд ҳифз карда шавад.

Маркетинги мустақим: Ҳама гуна иртиботи маркетинги электронӣ ба шумо вақте фиристода мешаванд, ки (то вақти рад шудани он аз ҷониби шумо):

  • Шумо барои гирифтани иртиботи мустақими маркетинги электронӣ дар доираи ҚҲМШ розигӣ медиҳед; ё

  • Мо маълумоти шахсии шуморо дар робита бо фурӯши ҳама гуна маҳсулот ё хизматрасониҳои худ ба шумо дарёфт карда бошем, то ки мо бо шумо дар бораи дигар маҳсулот ё хизматрасониҳои худ тамос гирифта тавонем.  Шумо аз дарёфт кардани иртиботи маркетинги мазкур дар он вақт бо истифода аз истиноди "бекоркунӣ" ё тамосгирӣ бо мо тариқи истифода аз маълумоти тамоси поёнзикр даст кашед.

Ҳуқуқҳои шумо: Шумо ҳуқуқ доред оид ба маълумоти шахсии худ дархостҳои зеринро пешниҳод кунед:

  • Пурсидан дар бораи ройгон нигоҳ доштани маълумоти шахсии шумо аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola

  • Дархост кардани сабт ё тавсифи маълумоти шахсии шумо, ки Ширкати Coca‑Cola дар бораи шумо тибқи тартиби дар Дастурамали ҚМДИ (Қонун дар бораи мусоидат ба доштани дастрасӣ ба маълумот) дар coca-cola.co.za дастрасбуда нигоҳ медорад. 

  • Аз Ширкати Coca‑Cola дархост кардани тағйирдиҳӣ ё ислоҳи маълумоти шахсии нодуруст ё нопурра дар бораи худ

  • Аз Ширкати Coca‑Cola бо ягон сабаб дархост кардани қатъ кардани истифодаи маълумоти шахсии худ

  • Эътироз кардан ба коркарди маълумоти шахсии худ

  • Аз Ширкати Coca‑Cola дархост кардани нобуд сохтани маълумоти шахсии худ

  • Аз Ширкати Coca‑Cola дархост кардани маҳдуд кардани истифода, мубодила ва дигар коркарди маълумоти шахсии худ

  • Аз Ширкати Coca‑Cola дархост кардани ирсоли нусхаи маълумоти шахсии худ ба шумо ва шахсони сеюми интихоб кардаатон.

Мо метавонем (ва дар баъзе ҳолатҳо вазифадорем), қабл аз иҷрои дархости шумо оиди татбиқи ҳуқуқҳои махфияти шумо, шахсияти шуморо тафтиш кунем.  

Бо мақсади истифода кардан аз ҳуқуқҳои махфияти худ, чӣ тавр бо мо тамос гирифта метавонед: Барои истифодаи ҳуқуқҳои махфият, бо истифода аз яке аз имконоти зерин ба Ширкати Coca‑Cola муроҷиат кунед:

  • ба сӯроғаи зерин ба мо мактуби электронӣ фиристед: CCSAINFO@COCA-COLA.COM

  • Ба рақами 0860112526 ба мо занг занед

  • Ба сӯроғаи почтаи зерин нависед: Ба таваҷҷӯҳи Тими ҳуқуқӣ, ба Ширкати Coca‑Cola Africa (Proprietary) Limited, Oxford and Glenhove, 116 Oxford Road, Houghton Estate, Johannesburg, 2198

Шумо ба шикоят кардан ба танзимгари Маълумот (Африқои Ҷанубӣ) тавассути почтаи электронии POPIAComplaints@inforegulator.org.zaҳуқуқ доред.

Иттилооти дигар дар бораи коркард:  Мо инчунин иттилооти зеринро ба таври худкор ҷамъоварӣ мекунем:

Маълумот дар бораи рафтор: Маълумот аз омезиши ID дастгоҳ ва рӯйдодҳои система гирифташуда метавонанд барои муайян кардани тамоюлҳо ва моделҳои рафтор ва фиристодани иртиботи маркетингии марбут ба рӯйдодҳои дар он иштирок варзидаатон бо дарназардошти талаботи мустақими маркетингӣ аз нуқтаи назари ҚҲМШ, аз қабили гирифтани розигии пешакии шумо, истифода шаванд.

Маълумот дар бораи иштирок: Маълумоти шахсии марбут ба иштироки субъекти маълумот дар озмуни таблиғотӣ, ҷоизасупорӣ, пурсиш, бурди фаврӣ, озмун ва дигар намудҳои таблиғот (масалан, намуди таблиғот, сана ва вақти иштирок дар промоаксия, натиҷаи иштирок дар промоаксия, маълумоти зарурӣ барои дарёфти ҷоиза).

Маълумоти таҳлилӣ: Мо метавонем маълумоти таҳлилиро ҷамъ оварем ё аз асбобҳои таҳлилии шахсони сеюм, аз қабили Google Analytics истифода барем, то ба мо дар чен кардани трафик ва тамоюлҳои истифодаи Хизматрасониҳо кӯмак расонад ва дар бораи демография ва рафтори корбарони мо бештар маълумот гирем.

Мо инчунин ба онлайн-шабакаҳои таблиғотии шахсони сеюм, ширкатҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар хизматрасониҳои шахсони сеюм иҷозат медиҳем, ки маълумотро дар бораи истифодабарии Хизматрасониҳои корбар бо мурури замон ҷамъоварӣ кунанд, то онҳо тавонанд эълонҳоро дар Хизматрасониҳои корбар ва дигар дастгоҳҳои аз ҷониби корбар истифодашаванда таблиғ кунанд ё намоиш диҳанд.

Хизматрасониҳо метавонанд хусусиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили тугмачаи лайкмонии Meta, LinkedIn, Snapchat, Instagram, Twitter ё дигар виджетҳоро дар бар гиранд. Ин ширкатҳои шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд корбарро эътироф кунанд, дар бораи воридшавии корбар ба Хизматрасониҳо иттилоот ҷамъоварӣ кунанд, инчунин куки-файлҳоро насб кунанд ё аз дигар технологияҳои пайгирӣ истифода баранд. Ҳамкории корбар бо ин хусусиятҳо бо сиёсати махфияти он ширкатҳое, ки мо аз болои онҳо назорат карда наметавонем, танзим карда мешавад. Мо таблиғи мақсаднокро ба корбар тавассути платформаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Meta, Twitter, Google+ ва дигар шабакаҳо, бо розигии пешакии корбар нишон медиҳем. Шабакаҳои Meta, Twitter, Google дорои барномаҳои таблиғотии ба манфиатҳо асосёфта мебошанд, ки ба мо ҷиҳати равона кардани таблиғот ба корбарони ба Хизматрасониҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда имкон фароҳам меоварад, дар ҳоле ки корбарони мазкур дар платформаи шабакаҳои иҷтимоӣ ё гурӯҳҳои корбарони дигар, ки хислатҳои шабеҳ, аз қабили манфиатҳои эҳтимолии тиҷоратӣ ва демографӣ доранд, ҳастанд. Таблиғоти мазкур бо сиёсати махфияти он ширкатҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ки онҳоро таъмин мекунанд, танзим карда мешаванд.

Барои баъзе аз Хизматрасониҳо, мо асбобҳои шахсони сеюмро баҳри назорат кардани маълумот дар бораи кори корбарон истифода мебарем. Асбобҳои мазкур ба таври худкор маълумотро дар бораи истифода, аз ҷумла ангушзаниҳо ва ҷойивазкунии мушак, гузариш ба саҳифаҳо ва ҳама гуна матнҳои ба шаклҳои вебсомона воридшударо ҷамъоварӣ мекунанд. Маълумоти ҷамъоваришуда калимаи махфӣ, тафсилоти пардохт ё дигар маълумоти ҳассоси шахсиро дар бар намегирад. Мо аз маълумоти мазкур барои таҳлил, оптимизатсия ва баланд бардоштани қобилияти истифодаи сомона истифода мебарем. Мо ба шахсони сеюм иҷозат намедиҳем, ки аз маълумоти мазкур баҳри мақсадҳои худ интиқол диҳанд ё истифода баранд.

Таъминкунандагони таблиғоти интернетӣ ва почтаи электронии мо метавонанд нишонаҳои пикселӣ, веб-маяк, gif-ҳои возеҳ ё дигар технологияҳои шабеҳи марбут ба Хизматрасониҳо истифода баранд, то дар идоракунии маъракаҳои таблиғотии интернетӣ ва почтаи электронии мо ва баланд бардоштани самаранокии чунин маъракаҳо кӯмак расонанд. Масалан, агар таъминкунанда куки-файлҳои беназирро дар компютери корбар ҷойгир карда бошад, таъминкунанда метавонад аз нишонаҳои пикселӣ, веб-маяк, gif-ҳои возеҳ ё дигар технологияҳои шабеҳ баҳри эътирофи куки-файлҳо ҳангоми воридшавии корбар ба Хизматрасониҳо ва гирифтани маълумот дар бораи он, ки кадоме аз таблиғоти интернетии мо метавонад корбарро ба Хизматрасониҳо расонад, ва таъминкунанда метавонад ба мо чунин маълумоти дигарро барои истифодаи мо пешниҳод кунад. Мо метавонем маълумоти дигареро, ки таъминкунандаҳои мо ба мо додаанд, ба Маълумоти шахсии корбари қаблан ҷамъоварӣ кардашуда пайваст кунем.

Мо метавонем аз ширкатҳои таблиғотии шахсони сеюм барои таблиғ дар Хизматрасониҳо истифода барем. Ширкатҳои мазкур метавонанд маълумотро (аз ҷумла ному насаб, нишонӣ, сӯроғаи почтаи электронӣ ё рақами телефони корбар) дар бораи воридшавии корбар ба Хизматрасониҳо баҳри пешниҳоди таблиғот дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳои қобили таваҷҷӯҳи корбар истифода баранд.

Мо метавонем амалҳои корбар ва маълумоти аз корбар тавассути Хизматрасониҳо гирифташударо бо маълумоти тавассути технологияи пайгирӣ ба таври худкор ҷамъоваришуда пайваст ё якҷоя кунем. Ин ба мо ҷиҳати пешниҳоди таҷрибаи фардӣ ба корбар, новобаста аз тарзи муносибати корбар нисбати мо тавассути Хизматрасониҳо, имкон фароҳам меоварад.

  • Сокинони Кения  

Тавре ки шахсони алоҳида дар Кения таъмин карда мешаванд, Хизматрасониҳо тавассути GPS, Wi-Fi ё мусалласбандии шабакаи бесим маълумотро дар бораи макон ҷамъоварӣ намекунанд, нигоҳ намедоранд ва намехонанд. ID-и барномаи мобилии ба таври анонимӣ тасодуфан тавлидшуда барои ҷамъоварӣ ва ошкор кардани наздикии корбар ба нуқтаҳои фурӯш ва фиристодани паёмакҳои таблиғотӣ ва тахфифҳо барои макони мушаххаси дар ҷойҳои наздик пешниҳодшуда истифода мешавад.

Агентии дастрасӣ ба иттилооти ҷамъиятӣ ба ҳайси мақомоти танзимкунандаи қонуни № 25.326 барои гирифтани шикоятҳо ва гузоришҳо аз сокинони Аргентина, ки ба поймол шудани ҳуқуқҳои махфияти худ боварӣ доранд, масъул аст.

Соҳиби маълумоти шахсӣ ба доштани дастрасӣ ба муддати на камтар аз шаш моҳ ҳуқуқ дорад, ба шарте ки бо ин мақсад тибқи банди 3 моддаи 14 қонуни № 25,326 манфиати қонунӣ нишон дода нашуда бошад. 

Ҷонибҳои манфиатдор метавонанд аз ҳуқуқи дастрасӣ, ислоҳ ё нест кардани онҳо тавассути пешниҳоди дархост истифода баранд: Servicios y Productos para Bebidas Refrescantes SRL - Vedia 4090 - C.A.B.A. – Аргентина- Ба таваҷҷӯҳи: Шахси масъул барои махзани маълумот. 

Шахсони воқеӣ бояд нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти миллии худро замима кунанд ва намояндагони ҳуқуқӣ бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи эътибори намояндагии ҳуқуқиро замима кунанд.  Ҳар як дархост бояд сабаби дархостро шарҳ диҳад.  Ширкати Coca‑Cola ба дархости дастрасӣ дар давоми даҳ (10) рӯзи тақвимӣ ҷавоб диҳад ва ба дархостҳои ислоҳкунӣ, навсозӣ ё несткунии иттилооти шахсӣ Ширкати Coca‑Cola дар давоми панҷ (5) рӯзи корӣ ҷавоб медиҳад.

Дар ҳоле ки маълумоти шахсии шумо одатан дар пойгоҳи марказии истеъмолкунандагон дар серверҳои дар Австралия воқеъбуда нигоҳ дошта мешавад, Ширкати Coca‑Cola инчунин метавонад маълумоти шахсии шуморо дар системаҳои филиалҳо ва таъминкунандагони мо дар дигар кишварҳо, ба монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Зеландияи Нав, Сингапур ва ғайра дар ҳолати зарурӣ нигоҳ дорад.

Мо аз шахсони сеюми нигаҳдорандаҳои маълумоти шахсӣ талаб мекунем, ки қонунҳои махфияти Австралия ва Сиёсати махфияти мазкурро риоя кунанд ва аз маълумоти шахсии шумо танҳо барои мақсадҳои пешниҳодшуда истифода баранд.

Агар шумо хоҳиши ба маълумоти шахсии худ дастрасӣ пайдо кардан ё ислоҳ кардан ва ё саволҳо ё нигарониҳои марбут ба Сиёсати махфияти мазкурро дошта бошед, ё агар шумо аз вайрон шудани махфияти худ хавотир бошед, лутфан бо мо бо яке аз роҳҳои зерин тамос гиред: 

Почтаи электронӣ: privacyofficerau@coca-cola.com

Тел: Ба маркази Маълумотии истеъмолкунандагони мо бо рақами 1800 025 123 (дар дохили Австралия) занг занед

Почта: Ба таваҷҷӯҳи: Корманд оиди масъалаҳои махфият 

Coca‑Cola South Pacific Pty Limited 

Блоки GPО 388 

Шимоли Сидней, Уэлси Ҷанубии Нав 2059 

Онлайн: Аз қисмати "Тамос бо мо" дар сомонаи www.coca-cola.com.au истифода намоед ва қайд кунед, ки дархости шумо ба "махфият” дахл дорад.

Мо ба шумо ҳарчи зудтар ва дар ҳар сурат, дар давоми 30 рӯз пас аз гирифтани дархости аввалини шумо ҷавоб медиҳем.

Агар Ширкати Coca‑Cola баҳри қонеъ накардани дархости шумо дар бораи маълумоти шахсии шумо сабабҳои асоснок дошта бошад, агар шумо нисбати радкунӣ хоҳиши шикоят карданро дошта бошед, мо ба шумо барои риоя кардан тавзеҳоти хаттӣ ва механизмҳоро пешниҳод хоҳем кард.

Нозири маълумоти шахсии шумо:

Coca‑Cola South Pacific Pty Limited

Почтаи электронӣ: privacyofficerau@coca-cola.com 

Тел: Ба маркази Маълумотии истеъмолкунандагони мо бо рақами 1800 025 123 (дар дохили Австралия) занг занед 

Почта: Ба таваҷҷӯҳи: Корманд оиди масъалаҳои махфият  

Coca‑Cola South Pacific Pty Limited  

Блоки GPО 388  

Шимоли Сидней, Уэлси Ҷанубии Нав 2059  

Мақомоти танзимкунандаи ҳифзи маълумот инҳоянд:

Комиссияи ҳифзи маълумоти Австравлия

Почта: Блоки GPО 5218 Сидней NSW 2001 

Сӯроға: Кӯчаи Пит №175, Сидней NSW 2000

Тел: 1300 363 992

Факс: 61 2 9284 9666

Почтаи электронӣ: foi@oaic.gov.au

Вебсомона: https://www.oaic.gov.au/

Ҳуқуқҳои махфияти шумо тибқи LGPD дар https://privacidade.cocacola.com.br/#direitos тасвир шудаанд.  

Лутфан аз ҳуқуқҳои махфияти худ истифода баред ва

  • Тавассути почта ба сӯроғаи Praia De Botafogo, 374, Botafogo, Рио-Де-Жанейро/RJ, Шохиси почта: 22.250-907, ба таваҷҷӯҳи: Флавио Маттос дос Сантос

Назоратчии маълумоти шахсии шумо Recofarma Indústria do Amazonas Ltda мебошад.

Мақомоти танзимкунандаи ҳифзи маълумот Дафтари миллии ҳифзи иттилоот (Autoridade Nacional de Proteção de Dados)мебошад, https://www.gov.br/anpd/pt-br.

Барои вебсомонаҳои худ, ки ба Сокинони Бразилия нигаронида шудаанд, Ширкати Coca‑Cola дорои сиёсати куки-файлҳои алоҳида аз Сиёсати махфияти мазкур мебошад.  Лутфан ба вебсомонаи дахлдори Ширкати Coca‑Cola муроҷиат кунед.

Сокинони Калифорния. Ҳамин Огоҳиномаи махфияти Калифорния (Огоҳинома дар бораи махфияти Калифорния) нисбат ба коркарди маълумоти шахсии Ширкати Coca‑Cola аз ҷониби сокинони Иёлоти Иёлоти Калифорния (Истеъмолкунандагони Калифорния) тибқи талаботи Санади махфияти истеъмолкунандагони Калифорния аз соли 2018 (СМИК) татбиқ мешавад.

Агар шумо истеъмолкунандаи Калифорния бошед, ҳамин Огоҳиномаи махфияти Калифорния ба шумо ҷиҳати фаҳмидани категорияҳои маълумоти шахсии дар бораи шумо ҷамъоваришуда, аз куҷо гирифтани ҳамин маълумоти шахсӣ, сабаби коркард кардани он, бо кӣ мубодила кардани он, донистани ҳуқуқҳои худ ва назорат кардани маълумоти шахсии худ кӯмак мекунад.  Агар ҳамин Огоҳиномаи махфияти Калифорния ва ҳама гуна муқаррароти боқимондаи Сиёсати махфияти мо хилофи якдигар бошанд, пас Огоҳиномаи махфияти Калифорния коркарди иттилооти шахсии истеъмолкунандагони Калифорнияро ба танзим медарорад.  Ҳамин Огоҳиномаи махфияти Калифорния ба кормандон, коргарони шартӣ, кормандони муваққатӣ ё довталабони Ширкати Coca‑Cola татбиқ намешавад. 

Огоҳӣ ҳангоми ҷамъоварӣ

Баҳри ҳадафҳои СМИК, Ширкати Coca‑Cola маъмулан дар робита ба маълумоти шахсии шумо ҳамчун "Тиҷорат" амал мекунад.  Тиҷорат шабеҳи Нозири маълумот мебошад, яъне Ширкати Coca‑Cola чӣ гуна ва чаро ҷамъоварӣ шудани маълумоти шахсии шумо аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola-ро муайян мекунад.  

Огоҳиномаи мазкур дар бораи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ таҷрибаи ҷамъоварии маълумоти шахсии моро, аз ҷумла рӯйхати категорияҳои маълумоти шахсии ҷамъоваришуда, ҳадафҳои ҷамъоварӣ намудани маълумоти шахсиро аз ҷониби мо ва манбаъҳои аз он ҷамъоварӣ намудани маълумоти шахсӣ, ҳангоми ҳамчун Корхона амал кардани мо тавсиф мекунад.

Гарчанде ки мо аллакай дар Сиёсати махфияти мазкури болозикр кадом маълумоти шахсӣ ва сабаби ҷамъоварӣ кардани онро фаҳмондаем, СМИК аз мо талаб мекунад, ки бо истифода аз категорияҳои маълумоти шахсӣ, ки дар муайян кардани маълумоти шахсӣ дар СМИК истифода мешаванд, тафсилоти муайянро ошкор кунем. 

Категория: Муайянкунандаҳо

Манбаъ: Мустақиман аз шумо

Ҳадаф: Иҷрои Хизматрасониҳои таблиғӣ ва маркетингӣ

Шахсони сеюм: Таъминкунандагони Хизматрасонӣ, аз ҷумла таҳвилдиҳандагони маркетингӣ, шахсони вобаста ва шарикони истеҳсоли нӯшокиҳо, дигар шахсони сеюм

Категория: Категорияҳои маълумоти шахсии номбарашуда дар оинномаи Санади бақайдгирии муштариёни Калифорния Civ. Code § 1798.80(e))

Манбаъ: Мустақиман аз шумо

Ҳадаф: Иҷрои Хизматрасониҳои таблиғӣ ва маркетингӣ

Шахсони сеюм: Таъминкунандагони Хизматрасонӣ, аз ҷумла таҳвилдиҳандагони маркетингӣ, шахсони вобаста ва шарикони истеҳсоли нӯшокиҳо, дигар шахсони сеюм

Категория: Хусусиятҳои таснифоти ҳифзшуда тибқи қонунҳои Калифорния ё федералӣ

Манбаъ: Мустақиман аз шумо

Ҳадаф: Иҷрои Хизматрасониҳои таблиғӣ ва маркетингӣ

Шахсони сеюм: Таъминкунандагони Хизматрасонӣ, аз ҷумла таҳвилдиҳандагони маркетингӣ, шахсони вобаста ва шарикони истеҳсоли нӯшокиҳо, дигар шахсони сеюм

Категория: Иттилооти тиҷоратӣ

Манбаъ: Мустақиман аз шумо

Ҳадаф: Иҷрои Хизматрасониҳо 

Шахсони сеюм: Таъминкунандагони Хизматрасонӣ, аз ҷумла таҳвилдиҳандагони маркетингӣ, шахсони вобаста ва шарикони истеҳсоли нӯшокиҳо, дигар шахсони сеюм

Категория: Маълумоти биометрӣ, ки маълумот дар бораи хусусиятҳои физиологӣ, биологӣ ё рафтории шумост

Манбаъ: Ширкати Coca‑Cola маълумоти мазкурро аз Санаи эътибор ҷамъоварӣ намекунад

Ҳадаф: Ширкати Coca‑Cola маълумоти мазкурро аз Санаи эътибор ҷамъоварӣ намекунад

Шахсони сеюм: Ширкати Coca‑Cola маълумоти мазкурро аз Санаи эътибор ҷамъоварӣ намекунад

Категория: Интернет ё дигар фаъолияти шабакаи электронӣ

Манбаъ: Мустақиман аз шумо, ба таври худкор ҳангоми истифодаи Хизматрасониҳо ҷамъоварӣ мешавад

Ҳадаф: Иҷрои Хизматрасониҳо 

Шахсони сеюм: Таъминкунандагони Хизматрасонӣ, аз ҷумла таҳвилдиҳандагони маркетингӣ, шахсони вобаста ва шарикони истеҳсоли нӯшокиҳо, дигар шахсони сеюм

Категория: Маълумоти макони ҷойгиршавӣ

Манбаъ: Мустақиман аз шумо, ба таври худкор ҳангоми истифодаи Хизматрасониҳо ҷамъоварӣ мешавад

Ҳадаф: Иҷрои Хизматрасониҳо 

Шахсони сеюм: Таъминкунандагони Хизматрасонӣ, дигар шахсони сеюм

Категория: Маълумоти аудио, электронӣ, аёнӣ ё маълумоти ҳамсон

Манбаъ: Мустақиман аз шумо

Ҳадаф: Иҷрои Хизматрасониҳо 

Шахсони сеюм: Таъминкунандагони Хизматрасонӣ

Категория: Маълумоти марбути касб ё шуғл

Манбаъ: Мустақиман за шумо, аз шахсони сеюм

Ҳадаф: Иҷрои Хизматрасониҳои таблиғӣ ва маркетингӣ

Шахсони сеюм: Таъминкунандагони Хизматрасонӣ, аз ҷумла таҳвилдиҳандагони маркетингӣ, шахсони вобаста ва шарикони истеҳсоли нӯшокиҳо

Категория: Бозёфтҳо аз дигар категорияҳо барои сохтани профил дар бораи Истеъмолкунандаи Калифорния  

Манбаъ: Ширкати Coca‑Cola

Ҳадаф: Таблиғот ва маркетинг

Шахсони сеюм: Таъминкунандагони Хизматрасонӣ, аз ҷумла таҳвилдиҳандагони маркетингӣ, шахсони вобаста ва шарикони истеҳсоли нӯшокиҳо, дигар шахсони сеюм

Вақте ки мо маълумоти дақиқи ҷӯғрофиро барои иҷрои Хизматрасониҳои дархост намудаи шумо ҷамъ меорем, мо боварманд ба онем, ки маълумоти ҷамъовардаи мо тибқи Қонунҳои Калифорния "ҳасос ва махфӣ" мебошанд. Истифодаи маълумоти мазкур аз ҷониби мо барои иҷрои Хизматрасониҳои дархосткардаи шумо ба ҳадафҳои иҷозатдодашудаи тиҷорат дар Кодекси шаҳрвандии Калифорния § 1798.100 ва санадҳои меъёрии минбаъда мувофиқат мекунад.

Гарчанде ки мо маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм фош кардаем, мо дар бораи фурӯхтан ё мубодила кардани чунин маълумот ба ягон нафари то 16-сола иттилооти дақиқ надорем.

Ҳуқуқҳои шумо ба Махфияти истеъмолкунандагон дар Калифорния

СМИК ба истеъмолкунандагони Калифорния ҳуқуқҳои зерини махфиятро пешниҳод мекунад:

  • Ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот: Шумо барои дархост намудани дастрасӣ ба маълумоти шахсии дар бораи шумо ҷамъоваришуда ва маълумот дар бораи манбаи маълумоти мазкур, ҳадафҳои ҷамъоварӣ намудани он аз ҷониби мо ва бо кӣ мубодила шудани он аз ҷониби шахсони сеюм ва таъминкунандагони хизматрасонӣ, ҳуқуқ доред.

  • Ҳуқуқ ба дархост кардани несткунӣ: Шумо ба дархост кардани нобуд сохтани баъзе маълумоти шахсии аз шумо ҷамъоварӣ шуда ҳуқуқ доред.

  • Ҳуқуқ ба ислоҳ кардан: Шумо ба ислоҳ кардани маълумоти шахсии нодуруст дар бораи худ ҳуқуқ доред. Дар хотир доред, ки нисбат ба дархостҳои ислоҳ маҳдудиятҳои муайян мавҷуданд ва дар баъзе ҳолатҳо мо метавонем маълумоти шахсии шуморо нест кунем, на балки ислоҳ намоем.

  • Ҳуқуқ ба даст кашидан аз фурӯши иттилооти шахсӣ ба шахсони сеюм:  Ифшои маълумоти шахсии шумо ба таъминкунандагони таблиғот ва таҳлили шахсони сеюм тибқи қонунҳои мушаххаси иёлот метавонад “фурӯш”-ро ва дар Калифорния инчунин метавонад "мубодила”-ро (истилоҳе, ки барои мубодилаи иттилоот баҳри мақсадҳои таблиғотӣ истифода мешавад) ташкил диҳад. Ба андозае, ки истифодаи мо “фурӯш” ё “мубодилаи” маълумоти шахсии шуморо ташкил диҳад, шумо ҳуқуқ доред, ки аз он тавассути (а) фаъол кардани сигнали бартарии радкунӣ ё назорати глобалии махфият дар браузери шумо, ки аз ҷониби вебсомонаҳои мо дар ИМА эътироф шудааст; (б) рад кардани истифода аз куки-файлҳо дар маркази афзалияти куки-файлҳои мо дар вебсомонаҳои ИМА ё (c) ирсоли дархост барои рад кардан ба https://us.coca-cola.com/dsrform, даст кашед.

  • Ҳуқуқ ба мубориза бо табъиз: Мо баҳри татбиқи ҳуқуқҳои худ тибқи СМИК шуморо мавриди табъиз қарор нахоҳем дод. Мо молҳо ё хизматрасониҳои шуморо барои иҷрои ҳуқуқҳои худ рад намекунем; аз шумо нархҳо ё арзишҳои дигарро барои молҳо ё хизматрасониҳо, аз ҷумла тавассути пешниҳоди тахфифҳо ё дигар имтиёзҳо ё ҷорӣ кардани ҷаримаҳои марбут ба татбиқи ҳуқуқҳои худ, намеситонем; ба шумо сатҳ ё сифати дигари молҳо ё хизматрасониҳоро пешниҳод намекунем, зеро шумо аз ҳуқуқҳои худ истифода бурдаед; ё тахмин намекунем, ки шумо метавонед дар натиҷаи татбиқи ҳуқуқҳои худ нарх ё арзиши дигарро барои мол ё хизматрасонӣ ё сатҳ ё сифати дигари мол ё хизматрасонӣ ба даст оред.

Барои фиристодани дархост барои истифодаи ҳуқуқҳои махфияти худ дар Калифорния, лутфан:

Бо мақсади дархост кардан, лутфан барои пешниҳоди ному насаб, сӯроғаи почтаи электронӣ ва ҷои зистатон омода бошед.  Шумо метавонед ба шахси дигар (агенти шумо) иҷозат диҳед, ки аз номи шумо дархост пешниҳод кунад. 

Мо мекӯшем, ки дархостҳоро ҳарчи зудтар ва тибқи қонунҳои амалкунанда анҷом диҳем. Дар хотир доред, ки барои санҷидан ва иҷро кардани дархостҳои фиристодаи агент вақти иловагӣ лозим аст. Агар шумо дар сомонаи мо ҳисоби корбар дошта бошед, шумо инчунин метавонед бевосита дар саҳифаи профили ҳисоби корбари худ тағйироти муайянро ворид кунед. Дар хотир доред, ки тағйироте, ки шумо дар саҳифаи профили ҳисоби корбари худ тавассути Хизматрасониҳо ворид мекунед, на ҳамеша дар қисми Хизматрасониҳои аз ҷониби мо истифодашаванда инъикос мегарданд.

Лутфан, диққат диҳед:

  • Мо метавонем (ва дар баъзе ҳолатҳо вазифадорем) қабл аз иҷро кардани дархости шумо оиди татбиқи ҳуқуқҳои шумо ба Махфияти Калифорния, шахсияти шуморо тафтиш кунем.  Пас аз қабул ва коркарди дархости шумо, мо бо истифода аз сӯроғаи почтаи электронии дар дархости шумо нишондодашуда тавассути дастурҳои оиди санҷиши шахсияти шумо тамос хоҳем гирифт ва пас аз он мо сабтҳои худро барои мувофиқати маълумот тафтиш хоҳем кард.  

  • Мо наметавонем дархости шуморо қисман ё пурра иҷро кунем, масалан, маълумоти ҷамъоварӣ мекардаи мо метавонад аз ин Огоҳиномаи махфияти Калифорния, аз қабили маълумоти ҷамъиятии мақомоти давлатӣ ё маълумоти дар қонуни дигари махфият пешбинишуда, озод карда шавад.  Дар чунин ҳолатҳо, мо сабаби иҷро накардани дархости шуморо ҳангоми посухдиҳӣ мефаҳмонем.

Огоҳинома дар бораи имтиёзҳои молиявӣ

Мо метавонем ба истеъмолкунандагони дар барномаҳои муайяни мукофотпулӣ ё барномаҳои таблиғотӣ иштироккунанда тахфиф ё дигар имтиёзҳоро, аз ҷумла, аммо бо он маҳдуд намешаванд, пешниҳод кунем: (1) Истеъмолкунандагон метавонанд дар аксияҳои почтаи электронӣ аз Ширкати Coca‑Cola бо фиристодани сӯроғаи почтаи электронии худ тавассути вебсомона иштирок кунанд. Шартҳои иловагӣ низ дар онҷо нашр шудаанд. (2) Истеъмолкунандагон метавонанд рамзҳои sip & scan-ро барои дастрасӣ ба мукофотҳо, тотализаторҳо ва дигар имкониятҳо тавлид ва боргирӣ кунанд. Истеъмолкунандагони ба ҳисоби корбари худ дар Coke.com воридшуда, ҳангоми иштирок дар sip & scan, метавонанд чунин мукофотҳоро ҳифз ва пардохт кунанд. Тафсилоти бештар дар <https://us.coca-cola.com/sip-and-scan-faq/.> дастрас мебошад. (3) Истеъмолкунандагон метавонанд дар сомонаи Coca‑Cola ҳисоби корбар кушоянд ва 15% фармоиши аввалро аз мағозаи сомонаи Coca‑Cola ба даст оранд.  (4) Истеъмолкунандагон метавонанд барои ҳисоби корбар сабти ном шаванд ва маҳсулоти ройгон ё тахфифшударо ба даст оранд. (5) Истеъмолкунандагон метавонанд дар аксияҳои иҷтимоӣ, озмунҳо ё тотализаторҳои Ширкати Coca‑Cola ширкат варзанд, то имтиёзҳои дар ҳар як чунин аксия тавсифшударо ба даст оранд.  

Маъмулан Ширкати Coca‑Cola арзиши пулӣ ё дигар маълумоти шахсии истеъмолкунандагонро таъин намекунад ва фаъолияти таблиғотии мо доимо тағйир меебад. То он дараҷае, ки қонуни Калифорния талаб мекунад, ки ба чунин барномаҳо арзиш ё фарқияти нарх ё хизматрасонӣ дода шавад, Ширкати Coca‑Cola маълумоти шахсии дар ҳар як барнома ҷамъоваришуда ва истифодашударо ба арзиши тахфифҳо ё дигар имтиёзҳои молиявии дар ҳар як чунин барнома додашуда дар асоси кӯшишҳои амалӣ ва софдилона баҳри арзебӣ дар асоси маҷмӯии тамоми маълумоти ҷамъоваришуда арзебӣ мекунад: (1) навъи маълумоти шахсии дар ҳар як барнома ҷамъоваришуда (масалан, сӯроғаи почтаи электронӣ), (2) истифодаи чунин маълумот аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola дар робита бо фаъолияти маркетингии он, (3) доираи тахфифҳои пешниҳодшуда (ки метавонад аз хариди ҳар як истеъмолкунанда дар доираи чунин пешниҳодҳо вобаста бошад), (4) шумораи шахсони дар барномаҳои дахлдор иштирокдошта ва (5) маҳсулоте, ки нисбати онҳо метавонанд афзалиятҳо (масалан, фарқияти нарх) татбиқ карда шаванд. Ин арзишҳо метавонанд бо мурури замон тағйир ебанд. Бояд қайд кард, ки тавсифи мазкур рад кардани ягон маълумоти махфии хусусӣ ё тиҷоратӣ, аз ҷумла сирри тиҷоратиро пешбинӣ намекунад ва дар робита ба принсипҳои баҳисобгирии умумӣ ё стандартҳои баҳисобгирии молиявӣ ягон намояндагиро ташкил намедиҳад.

Қонуни дигари Калифорния ба сокинони Калифорния имкон медиҳад, ки огоҳинома дар бораи ифшои категорияҳои маълумоти шахсӣ дар бораи шумо, ки мо бо шахсони сеюм бо мақсади маркетинги мустақим дар соли тақвимии қаблӣ мубодила кардем, дархост кунанд. Айни замон, Ширкати Coca‑Cola маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм бо мақсади маркетинги мустақим пешниҳод намекунад.

Сокинони Иёлотҳои Колорадо, Коннектикут, Юта ва Вирҷиния. Қонунҳои махфият дар иёлотҳои мазкур ба истеъмолкунандагон дар бораи маълумоти шахсии худ ҳуқуқҳои муайянро пешниҳод мекунад. Ширкати Coca‑Cola ҳуқуқҳои мазкурро барои ҳар як сокини ИМА эҳтиром хоҳад кард. Ба онҳо дохил мешаванд:

  • Ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот: Шумо ба дастрасӣ ва нусхаи маълумоти шахсии худ ҳуқуқ доред.

  • Ҳуқуқ ба дархост кардани несткунӣ:  Шумо ба дархост кардани нобуд сохтани баъзе маълумоти шахсии аз ҷониби шумо пешниҳодшуда ё дар бораи шумо гирифташуда ҳуқуқ доред

  • Ҳуқуқ ба ислоҳ кардан:  Шумо ба ислоҳ кардани маълумоти шахсии нодуруст дар бораи худ ҳуқуқ доред.

  • Ҳуқуқи рад кардан: Ифшои маълумоти шахсии шумо ба таъминкунандагони таблиғот ва таҳлили шахсони сеюм тибқи қонунҳои мушаххаси иёлот метавонад “фурӯш”-ро ташкил диҳад. Ғайр аз он, мо аз куки-файлҳо барои хизматрасонии таблиғоти мақсаднок истифода мебарем. Шумо ҳуқуқ доред, ки аз он тавассути (а) фаъол кардани сигнали бартарии радкунӣ ё назорати глобалии махфият дар браузери худ, ки аз ҷониби вебсомонаҳои мо дар ИМА эътироф шудааст; (б) рад кардани истифода аз куки-файлҳо дар маркази афзалияти куки-файлҳои мо дар вебсомонаҳои ИМА ё (c) ирсоли дархост барои рад кардан ба https://us.coca-cola.com/dsrform, даст кашед.

Ғайр аз он, сокинони иёлотҳои Колорадо, Коннектикут ва Вирҷиния метавонанд аз болои қарор дар бораи дархостҳои махфияти истеъмолкунандагон шикоят кунанд ва бо мо тавассути почтаи электронии privacy@coca-cola.com дар тамос шаванд. 

Ширкати Coca‑Cola маълумоти шахсиро бо мақсадҳои дар Сиёсати махфияти мо зикршуда ва барои ҳама гуна мақсадҳои иловагии тибқи қонун иҷозатдодашуда бо огоҳ кардани шумо ва розигии ошкоро ё пешбинишудаи шумо ҷамъоварӣ мекунад, истифода мебарад ва ифшо мекунад.

Шумо нисбати маълумоти худ ҳуқуқҳои муайян доред. Бо мақсади дастрасӣ ё ислоҳи маълумоти шахсӣ, шаклро дар истиноди зерин пур кунед: https://us.coca-cola.com/dsrform. Лутфан дар хотир дошта бошед, ки мо метавонем қабл аз иҷрои дархости шумо шахсияти шуморо тасдиқ кунем. 

Барои сокинони Квебек: Шахси масъули ҳифзи маълумоти шахсӣ дар бораи сокинони Квебек Ларисса Барбара Лоуренс мебошад, ки бо ӯ метавонед тавассути почтаи электронии privacy@coca-cola.com дар тамос шавед.

Тибқи талаботи қонунгузории Чили оиди ҳифзи маълумот, барои ҳар як фаъолияте, ки Ширкати Coca‑Cola нисбати шахсони таҳти ҳимояи қонунгузории Чили оид ба ҳифзи маълумот анҷом медиҳад, розигӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Қонунгузории Чили оиди ҳифзи маълумот ҳуқуқҳои зерини дахолатнопазириро пешбинӣ мекунад:

  • Дархост кардани маълумот дар бораи коркарди маълумоти шахсӣ

  • Дархости ислоҳи маълумоти шахсии нодуруст ё нопурра

  • Дархости нест кардани маълумоти шахсӣ, ба шарте ки онҳо бе асосҳои қонунӣ нигоҳ дошта шаванд ё кӯҳна бошанд

  • Дархост барои нест кардан ё блоконидани маълумоти шахсӣ, вобаста аз ҳолатҳо, ба шарте ки маълумоти шахсӣ ихтиёрӣ бошад ё бо мақсади паёмакҳои тиҷоратӣ истифода шавад ва шахс дигар нахоҳад ба феҳристи дахлдор, на доимӣ ва на муваққатӣ, дохил карда шавад

  • Муқовимат ба истифодаи маълумоти шахсӣ барои таблиғ, таҳқиқоти бозор ё пурсиши афкори ҷамъиятӣ

  • Бекор кардани розигӣ барои коркарди маълумоти шахсӣ дар вақти дилхоҳ дар оянда эътибор пайдо мекунад.  Аммо, бояд қайд кард, ки бозхонди ризоият метавонад маънои онро дошта бошад, ки истифодаи минбаъдаи баъзе ё ҳама Хизматрасониҳо ғайриимкон аст.

Назоратчии маълумоти шахсии шумо Recofarma Indústria do Amazonas Ltda мебошад.

Лутфан, ба сиёсати махфияти алоҳидаи мо дар истиноди зерин нигаред https://www.coca-colacompany.com/cn/.

Назоратчии маълумот

Назоратчии маълумот (яъне Ширкати Coca‑Cola, ки ҳадаф ва воситаҳои коркарди маълумоти шахсии шуморо муайян мекунад) барои маълумоти шахсӣ, ки дар робита ба истифодаи Хизматрасониҳо дар Минтақаи иқтисодии Аврупо, Швейтсария ва Британияи Кабир ҷамъоварӣ шудааст, NV Coca‑Cola Sa, ширкат бо дафтари бақайдгирифташуда дар Chaussée De Mons 1424, 1070 Брюссел мебошад.  

Коркард

Коркарди маълумоти шахсии шумо аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola дар Сиёсати махфияти болозикр тавсиф шудааст, аз ҷумла:

  • Маълумоти шахсии ҷамъоваришуда ва сабабҳои ҷамъоварии он (Қисмати 2)

  • Ширкати Coca‑Cola маълумоти шахсии шуморо чӣ тавр истифода мебарад (Қисмати 4) ва маълумоти шахсии шуморо чӣ гуна мубодила мекунад (Қисмати 6)

  • Ширкати Coca‑Cola маълумоти шахсии шуморо чӣ қадар нигоҳ медорад (Қисмати 8) 

Асосҳои ҳуқуқӣ барои коркарди маълумот аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola

Асосҳои ҳуқуқии коркарди маълумоти шахсии шумо аз ҷониби Ширкати Coca‑Cola аз қаринаи ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии мазкур вобаста аст. Умуман, мо маълумоти шахсиро танҳо дар ҳолатҳое ҷамъоварӣ мекунем, ки (i) ба Ширкати Coca‑Cola барои иҷрои шартнома бо шумо маълумоти шахсӣ лозим бошад (масалан, шартҳои истифодаи мо), дар ин ҳолат мо ба шумо дар бораи ҳатмӣ удан ё набудани пешниҳоди маълумоти шахсии шумо ва оқибатҳои эҳтимолии он хабар медиҳем, ба шарте ки шумо маълумоти шахсии худро пешниҳод накунед; 

(ii) вақте ки мо барои иҷрои он розигӣ дорем (шумо метавонед онро ҳар вақт бо истифода аз маълумоти тамосии поёнзикр бозпас гиред); ё 

(iii) вақте, ки коркард ба манфиатҳои қонунии тиҷоратии мо мувофиқат мекунад ва бо дахолатнопазирӣ ё дигар ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии корбарон бекор карда намешавад (масалан, вақте ки мо маълумоти шахсиро барои пешгирии истифодаи қаллобонаи Хизматрасониҳо коркард мекунем).

агар мо маълумоти шахсиро бо такя ба манфиатҳои қонунии худ (ё ягон шахси сеюм) ҷамъоварӣ ва истифода барем, пас манфиатҳои мазкур аз пешниҳоди Хизматрасониҳо ва муошират бо шумо дар бораи Хизматрасониҳо ва посух додан ба дархостҳо, такмил додани Хизматрасониҳо, огоҳ кардани корбарон дар бораи хусусиятҳои нав ё хизматрасонӣ ё гузаронидани чорабиниҳои маркетингӣ ва манфиатҳои тиҷоратии шабеҳ барои дастрас кардани Хизматрасониҳо иборат мебошанд.  Мо метавонем манфиатҳои дигари қонунӣ дошта бошем ва дар ҳолати зарурӣ ба манфиатҳои қонунии худ дар вақти мувофиқ равшанӣ андозем.

Дар баъзе ҳолатҳо, мо инчунин метавонем ӯҳдадории қонунӣ дошта бошем, ки маълумоти шахсиро аз корбарон ҷамъ оварем.  Агар мо аз шумо пешниҳод кардани маълумоти шахсиро баҳри қонеъ кардани талаботи қонунӣ хоҳиш кунем, мо дар бораи ҳатмӣ будани пешниҳоди маълумоти шахсии шумо ва дар бораи оқибатҳои эҳтимолӣӣ он ҳангоми пешниҳод накардани маълумоти шахсиятон дар вақти мувофиқ шарҳ ва ба шумо хабар медиҳем.

Агар шумо ягон савол дошта бошед ё ба маълумоти бештар дар бораи заминаи ҳуқуқие, ки мо маълумоти шахсии шуморо ҷамъоварӣ ва истифода мебарем, ниёз доред, лутфан бо мо тавассути почтаи электронии privacy@coca-cola.com дар тамос шавед.

Сиёсати куки-файлҳо

Дар кишварҳои МИА (Минтақаи Иқтисодии Аврупо), Швейтсария ва Бритониёи Кабир, Ширкати Coca‑Cola сиёсати куки-файлҳоро аз сиёсати махфияти мазкур ҷудо кардааст.  Лутфан ба сомонаи Ширкати Coca‑Cola барои тафсилоти бештар нигаред.

Ҳуқуқҳои субъектҳои иттилоот

Дар ҳаҷми пешбининамудаи GDPR, шумо нисбати маълумоти шахсии худ ҳуқуқҳои зерин доред:

  • Ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумоти шахсии худ;

  • Ҳуқуқ ба ислоҳ кардан (яъне ислоҳкунӣ, тағйирдиҳӣ);

  • Ҳуқуқ ба несткунӣ; 

  • Ҳуқуқ ба маҳдудкунии коркард; 

  • Ҳуқуқ ба интиқоли маълумот (яъне гирифтани нусхаи электронии маълумоти шахсии худ бо мақсади интиқол додани он ба созмони дигар);

  • Ҳуқуқи дилхоҳ вақт бекор кардани розигӣ. 

Агар шумо хоҳед, ки маълумоти шахсии қаблан ба Ширкати Coca‑Cola пешниҳод намудаатон дастрасӣ дошта бошед, онро тағйир диҳед, ислоҳ, пинҳон, маҳдуд, эътироз ё нест кунед, ва ё агар шумо хоҳед, ки нусхаи электронии маълумоти шахсии худро бо мақсади интиқоли он ба ширкати дигар гиред (вақте ки қонун ба шумо ҳуқуқи интиқолро додааст), лутфан дархости худро ба мо ба роҳҳои поёнзикр фиристед:

  • Бо Мутахассиси ҳифзи иттилооти мо дар ИА бо сӯроғаи dpo-europe@coca-cola.com тамос гирифтан мумкин аст. 

Дар дархости худ аниқ кунед, ки кадом маълумоти шахсиро тағйир додан мехоҳед, оё мехоҳед маълумоти шахсиятон аз махзани маълумоти мо пинҳон карда шавад ё дигар маҳдудиятҳое, ки шумо нисбати истифодаи маълумоти шахсиятон аз ҷониби мо гузоштан мехоҳед.  Барои муҳофизати шумо, мо қабл аз иҷрои дархостатон шахсият ва ҷои зисти ҷуғрофии шуморо тафтиш мекунем. Мо дархости шуморо ҳарчи зудтар ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда иҷро хоҳем кард.

Лутфан дар хотир доред, ки аксар вақт ба мо нигоҳ доштани маълумоти мушаххаси шахсӣ бо мақсади пешбурди баҳисобгирӣ ва/ё анҷом додани ҳама гуна амалиети шумо қабл аз пешниҳоди дархост оғоз намудаатон лозим аст (масалан, вақте ки шумо харид мекунед ё дар аксия иштирок мекунед, шумо наметавонед маълумоти шахсии пешниҳодшударо то ба охир расидани харид ё саҳмия тағйир диҳед ё нест кунед). Мо инчунин баъзе маълумоти шахсиро бинобар сабабҳои ҳуқуқӣ наметавонем нест кунем.

Чӣ тавр бо мақомоти ҳифзи маълумот тамос гирифтан мумкин аст?

Мақомоти ҳифзи маълумоти ИА

Шумо ҳақ доред ба шикоят кардан оиди тарзи коркарди маълумоти шахсии худ ба Мақомоти дахлдори ҳифзи маълумоти ИА ҳуқуқ доред.  Барои маълумоти иловагӣ, лутфан инҷоро пахш кунед.  

Танзимгари ҳифзи маълумоти Швейтсария

Идораи Ваколатдори федералии ҳифзи маълумот ва иттилоот (FDPIC)

Feldeggweg 1

CH - 3003 Berne

Тел.: 41 (0)58 462 43 95 (Душ.-Ҷум., соати 10-12 саҳар)

Телефакс: 41 (0)58 465 99 96

https://www.edoeb.admin.ch/edoeb/en/home/the-fdpic/contact/address.html

Танзимгари ҳифзи маълумоти Бритониёи Кабир

Дафтари ваколатдор оид ба иттилоот (ICO)

Wycliffe House, Water Lane, Wilmslow Cheshire SK9 5AF

Телефон: 0303 123 1113

Факс: 01625 524510

https://ico.org.uk/global/contact-us/

Қонуни татбиқшавандае, ки сиёсати махфиятро танзим мекунад, Қонун дар бораи технологияҳои иттилоотӣ аз соли 2000 ва Қоидаҳо дар бораи усулҳо ва расмиёти оқилонаи таъмини амният ва маълумоти ҳассоси шахсӣ ё маълумот аз соли 2011 мебошад, ки бар ивази 
Қоидаҳо дар бораи технологияҳои иттилоотӣ (Роҳнамои миёнаравҳо) аз соли 2011, ки тибқи Қонун дар бораи технологияҳои иттилоотӣ аз соли 2000 нашр шудааст.

Сӯроғаи почтаи электронии корманд оиди баррасии шикоятҳо аз ҷониби Ширкати Coca Cola India Private Limited (CCIPL):  grievanceofficerprivacyindia@coca-cola.com 

Сӯроғаи ҳуқуқии Ширкати CCIPL: Қитъаи №1109-1110, деҳаи Pirangut, ноҳияи Taluka Mulshi. Pune

Дафтари корпоративии Ширкати CCIPL: 1601-1701, One Horizon Center, DLF Golf Course Road, Phase V, Sector 43, Gurgaon, Haryana

Лутфан ба сиёсати махфияти алоҳидаи мо, ки дар истиноди https://www.cocacola.co.jp дастрас аст, нигаред.

Огоҳиномаи махфияти Ширкати Coca‑Cola дар Мексика ба коркарди маълумоти шахсии сокинони Мексика, тавре ки “ҚОНУНИ ФЕДЕРАЛИИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ ДАР ИХТИЁРИ ШАХСОНИ АЛОҲИДА”-и Мексика талаб мекунад, татбиқ карда мешавад.  

Лутфан ба сиёсати махфияти алоҳидаи мо, ки дар истиноди https://www.coca-colamexico.com.mx дастрас аст, нигаред.  

Нозири маълумоти шахсии шумо:  Servicios Integrados de Administración y Alta Gerencia, S. de R.L de C.V., The Coca‑Cola Export Corporation, Sucursal En México, Rubén Darío 115, Col. Bosque de Chapultepec, CP 11580, CDMX.  Тел: +5255.5262.200

Нозири ҳифзи маълумот Instituto Nacional de Transparencia, Acceso a la Información y Protección de Datos Personales мебошад.  

Агар шумо дар бораи Огоҳиномаи махфияти Ширкати Coca‑Cola дар Мексика донистан хоҳед, лутфан бо мо тавассути почтаи электронии avisodeprivacidad@coca-cola.com.mx дар тамос шавед. 

Ширкати Coca‑Cola санаи пурраи таваллудро аз истеъмолкунандагони Филиппин ҷамъварӣ намекунад. Ширкати Coca‑Cola розигии волидонро мегирад, ба шарте ки Ширкати Coca‑Cola дидаву дониста маълумоти шахсии истеъмолкунандагони аз синни 18-сола поёнро коркард кунад. 

Назоратчии маълумоти шахсии шумо Ширкати Coca‑Cola Far East Ltd (Қароргоҳи минтақавии Филиппин) ва Корпоратсияи Содиротии Ширкати Coca‑Cola (филиали Филиппин) мебошад.

Лутфан ба сиёсати махфияти алоҳидаи мо, ки дар истиноди [ADD LINK TO S.KOREA’S PRIVACY NOTICE] дастрас аст, нигаред.

Қонуни Тайланд оиди ҳифзи маълумоти шахсӣ аз соли 2019 ба коркарди маълумоти шахсии сокинони Тайланд татбиқ мешавад. 

Назоратчии маълумоти шахсии шумо Ширкати Coca‑Cola (Тайланд) Ltd мебошад. Лутфан бо саволҳо тавассути почтаи электронии privacythailand@coca-cola.com тамос гиред.

Дар зер хулосаи ҳуқуқҳои шумо ба ҳифзи маълумот оварда шудааст:

Ҳуқуқи шумо барои дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ

Шумо ба тасдиқ кардани коркарди маълумоти шахсии худ аз ҷониби мо, ба гирифтани нусхаи маълумоти шахсии худ, ки дар мо ҳамчун нозир нигоҳ дошта мешавад, ва ба дарёфт кардани дигар маълумоти мушаххас дар бораи тарзи коркард ва сабабҳои коркарди маълумоти шахсиятон аз ҷониби мо, ҳуқуқ доред.

Ҳуқуқи шумо барои ислоҳ/тағйир додани маълумоти шахсӣ

Шумо ҳуқуқ доред, ки дар сурати нодуруст будани маълумоти шахсии худ (масалан, ҳангоми тағйир додани ном ё сӯроға), ворид кардани тағйирот ё ислоҳот ба онро талаб кунед ва маълумоти нопурраи шахсии худро мукаммал кунед.   Дар ҳолати амалан имконпазир будани ин кор, пас аз он ки ба мо иттилоъ дода мешавад, ки ҳама гуна маълумоти шахсии коркардкардаи мо дигар дақиқ нест, мо дар асоси маълумоти навшудаи шумо тағйиротҳои дахлдорро ворид хоҳем кард. 

Ҳуқуқи шумо ба нест кардан/ҳуқуқ ба фаромӯш шудан

Дар ҳолатҳои зерин шумо ба нест кардани маълумоти шахсии худ ҳуқуқ доред: 

  • Маълумоти шахсии марбут ба ҳадафҳое, ки барои он ҷамъоварӣ ва коркард шудааст, дигар лозим нест. 

  • Асосҳои ҳуқуқии мо барои коркард ризоиятро ташкил медиҳад, шумо ризоиятро бозпас мегиред ва мо барои коркард дигар асосҳои қонунӣ надорем. 

  • Асосҳои ҳуқуқии мо барои коркард аз он иборат аст, ки коркард баҳри манфиатҳои қонунии аз ҷониби мо ё шахси сеюм пайгирӣ шаванда зарур аст, ва дар ҳолати эътирози шумо ба аз ҷониби мо коркард шудани маълумот, мо сабабҳои қонунии асоснокшударо аз даст медиҳем. 

  • Шумо ба коркарди мо бо мақсади маркетинги мустақим эътироз мекунед. 

  • Маълумоти шахсии шумо ғайриқонунӣ коркард шудааст. 

  • Маълумоти шахсии шумо бо мақсади иҷрои ӯҳдадории ҳуқуқие, ки мо онҳоро риоя мекунем, бояд нест карда шавад.

Ҳуқуқ ба маҳдудияти коркард 

Шумо ба маҳдуд кардани коркарди маълумоти шахсии худ аз ҷониби мо дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ доред: 

  • Шумо дурустии маълумоти шахсиро, ки мо дар бораи шумо коркард мекунем, баҳс мекунед. Мо бояд коркарди маълумоти баҳсбарангезро то лаҳзаи санҷидани дурустии маълумоти шахсии шумо маҳдуд кунем. 

  • Маълумоти шахсӣ бояд пок ё нест карда шавад, аммо ба ҷои он шумо маҳдудияти истифодаи чунин маълумоти шахсиро талаб мекунед.  

  • Дигар нигоҳ доштани маълумоти шахсӣ бо мақсадҳои ҷамъоварӣ талаб карда намешавад, вале шумо нигоҳ доштани маълумоти шахсии мазкурро баҳри мақсадҳои муқарраркунӣ, риоякунӣ ё иҷрокунии талаботи ҳуқуқӣ ё ҳимояи талаботи ҳуқуқӣ дархост мекунед.  

  • Маълумоти шахсӣ интизори тасдиқи асосҳои қонунии коркарди он, зарурати он барои даъвоҳои ҳуқуқӣ (муқарраркунӣ, риоякунӣ, татбиқ ё ҳимоя кардан) ё зарурати он барои иҷрои вазифа ба манфиати ҷамъиятӣ мебошад. 

Ҳуқуқи шумо барои эътироз ба коркард

Шумо ба эътироз кардан нисбати коркарди маълумоти шахсиятон аз ҷониби мо дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ доред: 

  • маълумоти шахсӣ аз рӯи зарурати зерин ҷамъоварӣ карда шуд: 

  • иҷрои вазифае, ки ба манфиати ҷамъиятӣ аз ҷониби мо амалӣ мешавад ё иҷрои ваколатҳои расмии ба зиммаи мо гузошташуда ва манфиатҳои қонунии Ширкати Coca‑Cola

  • ҷамъоварӣ, истифода ё ифшои чунин маълумоти шахсӣ бо мақсади маркетинги мустақим сурат мегирад; 

  • ҷамъоварӣ, истифода ё ифшои маълумоти шахсӣ бо мақсади таҳқиқоти илмӣ, таърихӣ ё оморӣ 

Эзоҳ: Мо ба рад кардани дархости шумо ҳуқуқ дорем, агар исбот карда тавонем, ки (i) барои коркарди маълумоти шахсии мазкур заминаи қавии қонунӣ вуҷуд дорад ё барои таъсисдиҳӣ, риоякунӣ, татбиқкунӣ ё ҳимоя кардани даъвоҳои ҳуқуқӣ ё (ii) коркарди маълумоти шахсии шумо бо мақсади таҳқиқоти илмӣ, таърихӣ ё оморӣ баҳри иҷрои вазифае, ки бо сабабҳои манфиати ҷамъиятӣ иҷро карда мешавад, зарур аст. 

Ҳуқуқи шумо ба интиқоли маълумот

Шумо ба бозпас гирифтани маълумоти шахсии ба мо пешниҳод намудаатон ва ба фиристодани маълумоти мазкур ба дигар ташкилот ҳуқуқ доред (ё дар ҳолати аз ҷиҳати техникӣ имконпазир будан, аз мо хоҳиш кунед), вақте ки:  

  • розигӣ ё зарурати иҷрои шартномаи мо бо шумо асоси қонунии моро баҳри коркарди маълумоти шахсиро ташкил медиҳад;  

  • коркард тавассути воситаҳои худкор сурат мегирад. 

Ҳуқуқи шумо барои бозпас гирифтани розигӣ

Вақте ки мо маълумоти шахсиро дар асоси розигӣ коркард мекунем, шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд розигиро дилхоҳ вақт бозпас гиранд. Маъмулан мо маълумоти шахсиро дар асоси розигӣ коркард намекунем (зеро одатан мо метавонем ба заминаи дигари ҳуқуқӣ такя кунем).  

Мақомоти танзимкунандаи ҳифзи маълумот инҳоянд:

Шахси ваколатдор оиди ҳифзи маълумоти шахсии Тайланд

Вазорати иқтисоди рақамӣ ва ҷомеа

Сӯроға: Маҷмааи Давлатӣ, Бурҷи B, Changwattana Road, № 120, Moo 3, Lak Si, Бангкок, Тайланд, Бангкок

Тел: 662-142-1033, 662-141-6993

Почтаи электронӣ: pdpc@mdes.go.th

Вебсомона: https://www.mdes.go.th/mission/82

Ширкати Coca‑Cola ба шумо барои дидан, ислоҳ кардан, навсозӣ ё тағйир додани маълумоти шахсии қаблан пешниҳодшуда имкон фароҳам меоварад.  Барои истифодаа аз ҳуқуқҳои мазкур, лутфан:

  • Ба сӯроғаи электронии cocacoladanismamerkezi@eur.ko.com имейл фиристед.

  • Ба рақами ройгони мо занг занед: 0 800 261 1920

Дар дархости худ аниқ кунед, ки кадом маълумоти шахсиро тағйир додан мехоҳед, оё мехоҳед маълумоти шахсиятон аз махзани маълумоти мо пинҳон карда шавад ё дигар маҳдудиятҳое, ки шумо нисбати истифодаи маълумоти шахсиятон аз ҷониби мо гузоштан мехоҳед.  Бо мақсади муҳофизати шумо, қабл аз иҷрои дархостатон ба мо лозим меояд, ки шахсият ва макони ҷуғрофии шуморо санҷида бароем. Мо дархости шуморо ҳарчи зудтар ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда иҷро хоҳем кард.

* * * * *

Дар зер иттилооти иловагӣ дар бораи Корхонаи Coca‑Cola оварда шудааст, ки ҳамчун нозири маълумоти шахсии шуморо вобаста ба маҳалли зисти муқаррариятон иҷро мекунад:

Бангладеш

Ширкати Coca‑Cola Бангладеш Бевериҷ Лимитид

Кристал Палас (11 ошена), Rd 140, Дакка 1212, Бангладеш

Салтанати Бутан

ТАШИ БЕВЕРИҶ ЛИМИТИД

ҚУТТИИ ПОЧТА # 267, ПАСАХА БХУТАН.

00975-77190300 (O)

Чили

Coca‑Cola de Chile S.A

Авенида Президенте 

Кеннеди 5757 Песо 12 

Лас Кондес, Сантяго

Колумбия

Ширкати Coca‑Cola Bebidas de Colombia, S.A.

AK45 № 103-60. Piso 8.

Богота, Колумбия

Тел: 638-6600

Назорати ҳифзи маълумот:

Superintendencia de Industria y Comercio (SIC)

https://www.sic.gov.co

Carrera 13 No. 27 - 00, Pisos 1 y 3

Хати ройгони миллӣ: 01 8000 910165

contactenos@sic.gov.co

Коста Рика

Coca‑Cola Industrias SRL

Plaza Tempo, Oficinas Corporativas, Escazú, Sab José, Costa Rica

Назорати ҳифзи маълумот:

Агентии ҳифзи маълумот (PRODHAB). 

prodhab.go.cr. 

San Pedro de Montes de Oca, Alameda, Avenida 7 y calle 49, edificio Da Vinci.

Системаи иттилооти ҳуқуқии Коста-Рика (pgrweb.go.cr)

Ҷумҳурии Доминикан

Distrito La Hispaniola Compañía De Servicios, S.R.L.,

Хиёбони Уинстон Черчилл, Бурҷи Акрополис, Ошенаи 12, Майдони Пиантини

Ба таваҷҷӯҳи:  Сантяго Карраско

Эквадор

Ширкати Coca‑Cola дар Эквадор. S.A.

Republica de El Salvador N36.230 y Naciones Unidas. Edificio Citibank Piso 1.

Кито, Эквадор

Тел: 593 2 382 622

Ба таваҷҷӯҳи: Мариана Розалба

Индонезия

PT Coca‑Cola Индонезия

South Quarter Tower B, Penthouse Floor, Jl. R. A. Картини Кав. 8, Cilandak Barat, Jakarta Selatan

Ҷумҳурии Малдив

Ширкати мардонаи оби газдор

5GH7+CG8, Boduthakurufaanu Magu, Malé, Maldives

Непал

Боттлерс Непал Лимитед ва Боттлерс Непал

Боттлерс Непал Лимитед 
Ноҳияи саноатии Балаҷу, Балаҷу, 
Катманду, Непал, Р.О. 2253

+977-01-4352986, +977-01-4352988

Боттлерс Непал (Тераи) Лимитед, 
Гондранг, Бхаратпур-9, Читван, 
Непал, Қуттии почта: 20

+977-056420216

Перу

Хизматрасонии Ширкати Перу, S.A.

Ҷумҳурии Панама, 4050. Surquillo. Лима, Перу

Тел. (511) 411-4200

Ба таваҷҷӯҳи: Мария Сол Ҷарес

Назорати ҳифзи маълумот:

Мақомоти миллии ҳифзи маълумоти шахсӣ

https://www.gob.pe/anpd

Scipión Llona 350 Miraflores - Лима - Перу

protegetusdatos@minjus.gob.pe

Филиппин

Ширкати Coca - Cola Far East Ltd. (Қароргоҳи минтақавии амалиетӣ дар Филиппин).

Ошенаи 24, Иморати Six/NEO., Хиёбони 5 cor. 
Бонифатси Глобал Сити, кӯч. №26, Taguig

Корпоратсияи Содиротии Coca‑Cola (филиал дар Филиппин)

Ошенаи 24-уми Нет Лима 

Бинои хиёбони 5 кунҷи кӯчаи 26

Бонифатси Глобал Сити, Taguig 

Манила, 1634 Филиппин

Шри Ланка

Ширкати Coca‑Cola Бевериҷ Шри Ланка Лимитед 

B214, Роҳи Бииагама, Коломбо, Шри-Ланка

Украина

ҶДММ Ширкати Coca‑Cola Украина ЛИМИТЕД

Кӯчаи Василковскаяи Бузург, 139, ошенаи 13

Василковскаяи Бузург, Киев, 03150 

Украина

Виетнам

Ширкати Coca‑Cola дар Осиеи Ҷанубу Шарқӣ

Кӯчаи Донг Ҳой, 235, ноҳияи 1, Шаҳри Ҳошимин